Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро давлати худкома медонад

Департаменти давлатии ИМА ё вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар гузориши тозае Тоҷикисонро кишвари худкомае номидааст, ки таҳти султаи сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш қарор дорад.

Гузориши мазкур 13-уми апрел мунташир шудааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳонро дар соли 2015 баррасӣ кардааст. Ҷумлаи нахустини гузориш бо ҷумлаи “Тоҷикистон кишвари худкомаест…” шуруъ шудааст.

Дар бахши ин гузориш, ки ба Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, дар муқаддимааш гуфта мешавад, Сарқонуни кишвар системаи бисёрҳизбии сиёсиро пешбинӣ мекунад, вале ҳукумат ба дигарандешони сиёсӣ монеъа эҷод мекунад ва ба ин сиёсат тӯли солҳо идома медод.

Муаллифони гузориши мазкур аз интихоботи парламентии моҳи марти соли гузашта ёд карда, навиштааст, ки дар он гуногунандешӣ ва интихоботи воқеъӣ ҷо надошт. Фазои интихоботиву сиёсии кишвар чунин бозтоб шудааст, ки шаҳрвандон аз ин имкони интихоби ҳукумат бо роҳҳои баргузории интихоботи шаффофу озод маҳруманд.

Ба бовари муаллифони гузориши департаменти ИМА, дар Тоҷикистон аз шиканҷа истифода мешавад, бо боздоштшудагон дағалонаву муносибати дуруш мекунанд, фаъолони сиёсӣ ва гуруҳҳои мухолифи давлат мавриди таъқибу фишор қарор мегиранд.

Дар гузориш аз нақзи озодии баён низ сухан рафтааст ва муаллифон гуфтаанд, ки озодиҳои баён дар матбуоти ин кишвар маҳдуд карда шудаанд, дар мавридҳое сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд карда мешаванд.

Аз хушунат ва маҳдудсозии ҳуқуқи занон ва озодиҳои динӣ низ сухан рафтааст ва ҳатто мегӯянд, дар маҳбасхонаҳо одамон шиканҷа мешаванд, мақомот дастрасии нозирони байналмилалиро ба зиндонҳо манъ кардаанд.

Муаллифони ин маърӯза ҳамчунин гуфтаанд, ки хеле кам ҳодисаҳои ба мушоҳида расидааст, ки соҳибмансабони давлатӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа таъқиб шуда бошанд.

Дар ин гузориш аз ҳодисаҳои як соли охир дар Тоҷикистон аз ҷумла аз марги Умар Бобоҷонов, ҷавони ваҳдатӣ, қазияи адвокат Бузургмеҳ Ёров, боздошту зиндонӣ шудани Зайд Саидов ёд мешавад.

Дар ин маърӯза Давлати исломӣ шадидан маҳкум карда мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли 2015 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон қонунҳои наве қабул карда шуданд, ки метавонанд майдони фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои шаҳрвандиро маҳдуд созанд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/departamenti-davlatii-ima-tochikistonro-davlati-hudkoma-medonad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *