ИМА мегӯяд, ки “хомуш кардани садо ва андешаи гуногун дар кишвар халоро ба миён хоҳад овард”.
Ин нуктаро 6-уми апрел Элизабет Инга Миллард, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон вобаста ба маҳдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Душанбе иброз дошт. Ӯ гуфт, ки кишвараш аз маҳдудшавии озодии баён дар Тоҷикистон бетараф набуда, нигарон мебдошад.
“Онҳо дида истодаанд, ки фаъолияти матбуот чигуна дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад ва ИМА аз ин раванд ҷиддан нигарон аст”, — иброз дошт ӯ дар ҷамъи хабарнигорон дар меҳмонхонаи «Hayatt Regency».
Ин нахустин нишасти хабарии Элизабет Инга Миллард дар вазифаи сафири ИМА дар Душанбе мебошад, ки фаъолияташро аз моҳи январи соли равон шуруъ кардааст.
Ӯ дар бораи ҳамапурсии моҳи май барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонун гуфт, ки кишвараш аз Тоҷикистон баргузории шафофи ҳамапурсиро хостааст:
-Мо инчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардем, ки референдуми моҳи май ба таври шаффоф гузаронида шавад. Инчунин мо мехоҳем мурофиаи аъзоёни боздошшудаи ҲНИТ ва вакилони дифоъ ба таври озод гузаронида шавад на пушти дарҳои баста. Мо кушишҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо тероризмро мефаҳмем вале бояд дар Тоҷикистон миёни тероризм ва опозитсияи мусолиҳатомез фарқ гузошта шавад, — гуфт Элизабет Миллиард.
Ҳамчунин, ӯ дар бораи қазияи адвокат Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки аз ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин вакили дифоъи зиндонӣ ҷонибдорӣ мекунад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/safiri-navi-ima-dar-borai-ozodii-bayon-referendum-va-buzurgmekhr-yorov