Қурбон Файзуллоев ба ҷои Ёқуб Исмоилзода раҳбари “Шарқи Озод” шуд

Имрӯз, 30-юми март дар раҳбари нави маҷмаи табъу нашри “Шарқи Озод”-ро Асадулло Раҳмон, ёвари Президент оид ба масоили кадрӣ муаррфӣ кардаст.

Ҳамин тавр Ёқуб Исмоилзода, ки дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри “Шарқи Озод” кор мекард, аз вазифааш барканор шуд. Ба ҷои ӯ Қурбон Файзуллоев раҳбар таъкин шудааст.

Қурбон Файзуллоев қаблан дар вазифаи раиси Иттифоқи касабаи “Шарқи Озод” кор мекард. Ба гуфтаи манобеъи TojNews Ёқуб Исмоилзода, сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал дар Дастгоҳи иҷроия таъин шудааст.

Ёқуб Исмоилзода аз моҳи октябри октябри соли 2010 инҷониб дар ин вазифа кор мекард. Пеш аз ӯ дар вазифаи раҳбарии “Шарқи Озод” Манзурхон Додохонов фаъолият мекард, ки тули 14 сол дар ин вазифа буд.

Ёқуб Исмоилзода дар гузашта дар вазифаи мушовир дар Шӯрои амният кор мекард. Ҳоло гуфта мешавад, ки дигарбора ба Дастгоҳи иҷроияи Президент бармегардад.

“Шарқи озод” аз калонтарин маҷмаи табъу нашр ба ҳисоб меравад, ки дар он даҳҳо нашрия рӯи чоп меоянд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/kurbon-fayzulloev-ba-choi-yokub-ismoilzoda-rakhbari-sharki-ozod-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *