Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло ЛАТИФОВ ба мақолаи раиси Федератсияи таэквондо ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон Мирсаид ЯҲЁЕВ “Давайте говорить по совести!”, ки дар ҳафтаномаҳои “Варзиш-Спорт” ва “Азия-Plus” 4 феврали соли 2016 чоп шудааст, ҷавоб навишта, хоҳиш кардааст, ки онро ба хонандагон пешкаш намоем.
«Банда ҳамчун коршиноси соҳа бар асоси таҷрибаи бисёрсола ва мушоҳидаҳои худ барои рушди минбаъдаи варзиш дар ҷумҳурӣ ахиран дар расонаҳои хабарӣ се пешниҳод карда будам.
Ин пешниҳодҳои ман таҳти унвонҳои “Нарзулло Латифов пешниҳод мекунад“ (ҳафтаномаи “Нигоҳ”, 20.01. 2016), “Варзиш” аз “ҷавонону сайёҳӣ” ҷудо, сатҳи Шӯрои варзишу Ҷоизаи президент баланд карда шавад (сомонаи olympic.tj, 26.01.2016 ), “Ҷиян»-и ҳамакора” (ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, 03.02.2016) ва “Спорт в тени молодежной структуры” (рӯзномаи “Азия- Plus”, 04.02. 2016) чоп шудааст.
Аввалан хонандагонро бо ин пешниҳодҳои банда ба таври мухтасар ошно мекунам. Пешниҳоди якум роҷеъ ба масъалаи муҳим — сохтори кунунии давлатии соҳа — буд. Таҷдиди мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, яъне ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонда, солҳои охир барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеаҳои зиёд эҷод кардааст. Бинобар ин ман пешниҳод намудам, ки сохтори алоҳида ҷиҳати пешрафти варзиш фаъолияти пурсамартар анҷом хоҳад дод. Соҳаҳои ҷавонон ва сайёҳӣ низ, ки имрӯз бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд, дар сурати дар алоҳидагӣ фаъолият кардан, ҳарчи бештар муваффақ хоҳанд шуд.
Пешниҳоди дуюми ман дар бораи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш буд, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли 2011 таҳти роҳбарии сарвазири кишвар таъсис дода шудааст. Вале дар муддати чор сол ҳамагӣ се ҷаласаи Шӯро баргузор шуд ва қарорҳои қабулшуда танҳо рӯи коғаз монданд. Соли гузашта бо пешниҳоди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ҳайати Шӯро азнав тасдиқ гардид. Ҳамакнун ба Шӯро на сарвазир, балки муовини сарвазир, ки масъули соҳаи варзиш аст, роҳбарӣ мекунад. Яъне сатҳи Шӯрои ҷумҳуриявӣ паст шуда, дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар низ ба ҳайати шӯроҳои маҳаллӣ ба ҷойи раисон муовинонашон дохил гаштанд.
Ба назари ман бо мақсади татбиқи пурсамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис додани Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон мувофиқи матлаб аст. Зимнан, чунин Шӯроҳо дар бисёре аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ таҳти раҳбарии президентҳои ин кишварҳо таъсис ёфтааст, ки барои рушди соҳа хидмати бузургеро ба анҷом мерасонанд.
Пешниҳоди сеюми банда дар бораи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ буд. Барои ҳавасмандгардонии варзишгарон 24 декабри соли 2015 Амри президенти Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи он 21 варзишгар бо Ҷоиза сарфароз шуд. Вале дар риштаҳои олимпӣ ҳамагӣ чор варзишгари бузургсол ҷоиза гирифт. 9 нафар ё беш аз чил дар сади вазишгароне, ки бо Ҷоизаи президент мукофотонида шуданд, намояндагони як намуд – таэквондо ИТФ – буданд, ҳол он ки ин намуди ғайриолимпӣ на ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил аст, на ба барномаи Универсиадаи умумиҷаҳонӣ ва на ба барномаи Бозиҳои олимпӣ. Инчунин ин намуд аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ Шӯрои олимпии Осиё ҳам эътироф нашудааст.
Ба рӯйхат дохил нашудани варзишгарони маъруфи мо дар риштаҳои олимпӣ — Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов оид ба дзюдо, Муродҷон Тӯйчиев оид ба гуштии юнониву румӣ ва Фарҳод Анақулов оид ба гуштии озод, ки порсол барандагони медалҳои биринҷии чемпионати Осиё шуда, ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил гаштаанд, боиси нигаронӣ аст. Натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони кишвар на аз рӯзе, ки Қарори Ҳукумат (1 августи соли 2015) баромадааст, балки аз рӯзи таъсиси Ҷоизаи президент (9 январи соли 2015) бояд ба назар гирифта мешуд.
Ба андешаи банда минбаъд бояд сатҳи Ҷоизаи президент баланд бардошта, дар Низомнома баъзе тағйирот ворид карда шавад.
Вале баъди чопи ин пешниҳодҳои камина мақолаи таҳқиромезу бӯҳтонангези президенти Федератсияи таэквондо ВТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон Мирсаид Яҳёев ба забони русӣ бо номи “Давайте говорить по совести!” дар ҳафтаномаҳои “Варзиш-Спорт” (18.02. 2016 ) ва “Азия-Plus» (18.02.2016) чоп шуд.
Ман барои таҳқири банда дар “Варзиш-Спорт”, бояд муаллифу ҳафтаномаро ба додгоҳ бикашам, вале аз рӯи мақоли дар худи мақолааш овардаи Яҳёев “Саг меҷакад, корвон меравад” амал мекунам. Вале наметавонам ба ин мутахассиси ҳарзагӯю азхудрафта ва носипос посух надиҳам.
Ҷаноби Яҳёев камина ва онҳоеро, ки андешаҳои худро дар бораи таэквондо ИТФ дар расонаҳои хабарӣ мунсифона баён кардаанд, шахсони аз варзиш дур унвон кардааст ва гӯиё танҳо вай “мутахассиси дилсӯзи соҳа” мебошад. Агар дилаш дар ҳақиқат барои соҳа месӯхт, вай нахуст дар бораи ду пешниҳоди аввали банда андешаашро баён мекард. Вале ӯ дар ин бора ягон ҳарф назадааст, яъне аз рӯи мақоли “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”, амал кардааст ё чунон ки русҳо мегӯянд “Моя хата с краю.” Ҳол он ки Яҳёев борҳо ҳангоми суҳбат бо банда мегуфт, ки то соҳа ҷудо нашавад, рушди варзиш имконнопазир аст.
Яҳёев рӯирост дурӯғ мегӯяд ва туҳмат мекунад, ки банда ҳангоми ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки дар паҳлӯяш менишастам, хомӯширо ихтиёр карда бошам. Бале, дар ҷаласаи шӯро рӯзи 7 декабри соли 2015, ки таҳти раёсати собиқ муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ баргузор шуда буд, банда 6-7 дақиқа суханронӣ карда (сабти аудиоӣ дар ман ҳаст), масъулони баргузории ҷаласаро танқид намудам, ки ҳамчун узви шӯро аз ҷаласа имрӯз огоҳ шудам, вале ягон маводи он, ба ҷуз рӯзномаи ҷаласа, на пешакӣ ва на дар ҷараёни он ба аъзои шӯро пешкаш нашудааст. Рӯйхати варзишгароне, ки ба гирифтани Ҷоизаи президент пешниҳод шудаанд, низ дар дасти мо набуд. Баъди суханронии худ ман ҷаласаро ба нишони эътироз тарк намудам ва дар баррасии масъалаҳои дигар ширкат надоштам. Вале Яҳёев шарм надошта, навиштааст, ки ман барои тасдиқи рӯйхат овоз додаам.
Яҳёев навиштааст, ки ман узви Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ҳастам. Бале, танҳо дар Қарори Ҳукумат, вале боре ҳам ба ҷаласаи ин комиссия даъват нашудаам ва ширкат накардаам. Пас аз куҷо ман ҳамчун уви комиссия аз ин рӯйхат воқиф будаам. Агар дар ҷаласаи комиссия иштирок мекардам, ҳатман эрод мегирифтам.
Ин “дилсӯзи варзиш” навиштааст, “ ман аз Нарзулло Латифов, ки худро раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ном мебарад, шармам меояд.” Эй, носипос, туро ва шогирдонатро маҳз ҳамин Ассотсиатсия, ки роҳбараш Нарзулло Латифов аст, маъруф кардааст. Банда, ки поягузори АЖРВТ мебошам, се бор ба ин вазифа дар конфронси ҳисоботию интихоботӣ аз ҷониби вакилон интихоб шудаам.
Маҳз бо талошҳои банда ин Ассотсиатсия солҳои зиёд варзишгарони таэквондо ИТФ-ро ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил мекард, ки дар байни онҳо Шаҳоб Баҳромов, Далер Сайфиддинов, Далер Тюряев, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Сабина Тағойназарова, Алишер Аҳмадов ва дигарон буданд. Порсол ба рӯйхати пешакии варзишгарони беҳтарин Сабина Тюряева дохил буд, вале аз рӯи натиҷагирии назархоҳии хабарнигорон, ки дар он беш аз 70 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд, ӯ ба қатори 10 нафар беҳтаринҳо дохил нашуд. Ин раъйпурсӣ аст ва ҳар як хабарнигор мувофиқи салоҳдиди худ ба ин ё он варзишгар овоз медиҳад. Чаро ҷаноби Яҳёев солҳои пеш даъво намекард ва акнун ба сӯи Ассотсиатсия ва хабарнигорони варзишӣ санг мезанад. Оё ӯ ба ин кор салоҳият дорад?!
Вай ҳатто шарм надошта, менависад, ки чаро ду варзишгар аз намуди самбо ва як нафар аз гуштии камарбандӣ ба рӯйхати даҳ нафар беҳтаринҳо дохил шуданду аз таэквондо ИТФ не? Самбо ба барномаи Бозиҳои осиёӣ, ки бузургтарин мусобиқоти қитъавист, дохил шудааст, инчунин самбо ва гуштии камарбандӣ ба барномаҳои дигари бозиҳои қитъавию универсиадаҳои ҷаҳонӣ шомиланд. Ногуфта намонад, ки дар муддати беш аз чиҳил соли қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов (соли 1975 дар чемпионати ҷаҳон дар Минск), дигар касе аз Тоҷикистон дар ин ришта ва, умуман, дар намудҳои гуштӣ, барандаи медалии тилло нашудааст. Се медали варзишгарони тоҷик дар намуди гуштии камарбандӣ дар Универсиадаи ҷаҳонии соли 2013 дар Қазони Русия ба Тоҷикистон шӯҳрати беандоза зиёд овардааст.
Пешниҳодҳои банда ҷиҳати рушди варзиш буд, вале мақолаи Яҳёев дар “Варзиш-Спорт” аслан аз таҳқиру тӯҳмат, дурӯғу буҳтон ва фитна иборат аст. Вай аз номи президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки мо баринҳо чӣ хидмате барои соҳа ва кишвари худ кардаем. Барои хидматҳои худ бо фармонҳои президенти кишвар ду бор – бо медали “Хизмати шоиста” (соли 2001) ва унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (соли 2014) – сарфароз шудаам. Инчунин лауреати Мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошам.
Яҳёев агар ба соҳаи варзиш соли 1992, пас аз таъсиси Федератсияи таэквондо ИТФ омада бошад, банда фаъолиятамро дар соҳаи варзиш соли 1969 шурӯъ кардаам, ки он замон Мирсаид мактабхон буд. Солҳои 1972-1973 дар Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси дастурдиҳанда (инструктор)-и шӯъбаи ташкилӣ ва кадрҳо кор кардаам.
Банда солҳои дароз дар дастгоҳи Шӯрои Вазирони Тоҷикистон масъули соҳа будам, ба ҳайси мудири шӯъбаи варзиши Тоҷиксовпроф кор карда, инчунин узви коллегияи Кумитаи давлатии варзиши ҷумҳурӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон будам. Аммо маро мардум ҳамчун хабарнигори варзишӣ, бахусус шореҳи футбол, хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Соҳиби обрӯю эътибор гашта, барои хидматҳоям бо унвонҳои баланди соҳавӣ низ сарфароз шудаам.
Ҳафтаномае, ки “Варзиш-Спорт” ном дорад ва имрӯз минбари Яҳёев гаштааст, бо ибтикори банда соли 2001 таъсис ёфтааст. Аввалин сармуҳаррири он будам ва 24 шумора ба ду забон – тоҷикиву русӣ – нашр шудааст. Имрӯз ин ҳафтанома дар хидмати ту барин бо ном “мутахассису дилсӯзи варзиш” аст. Барои ин хидматам пеши ман бояд саҷда намоед, ки бо ҳаммаслаконат ин рӯзномаи таъсисдодаи бандаро ба минбари шахсӣ табдил додаед.
Ман ҳеҷ гоҳ ба мисли Яҳёев дурӯғ нагуфтаам, аз гуфтани ҳақиқат даст накашидаам, аз касе муттаҳам нестам ва тарсу ҳарос ҳам надорам. Пешниҳодҳои банда ҷиҳати рушди варзиш дар кишвар ҳамеша аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа хуш истиқбол мешавад. Ин дафъа низ садҳо нафар ҳамақида будани худро бо ман тавассути телефону паёмаку вохӯриҳо баён карданд, ки аз онҳо миннатдорам.
Вале ман танҳо аз он таассуф мехӯрам, ки бо ту барин инсони сиёҳдилу носипос солҳои дароз ҳамсуҳбат шудаам. Ман аз он ор мекунам, ки дар паҳлӯи ту дар ҳамон ҷаласаи шӯро нишастам, вале хуб аст, ки то охир нанишастам.
Ва аммо ба варзишгарону мураббиёни таэквондо ИТФ эҳтиром дорам. Бо онҳо борҳо ҳамсуҳбат шуда, дар расонаҳо таърифу тавсифашон кардаам. Вале наметавонам, ки имрӯз дастоварди онҳоро аз натиҷаҳои варзишгарони намудҳои олимпӣ боло гузорам. Намудҳои олимпӣ нисбат ба намудҳои ғайриолимпӣ мартабаи баланд доранд. Зеро қуллаи баландтарини варзиш ин ба даст овардани медалҳои Бозиҳои олимпист. Ҳоло дар ҷаҳон 35 намуди варзиши Бозиҳои тобистона ва зимистонаи олимпӣ, ҳамчунин, 29 намуд, ки ба барномаи бозиҳо ворид нестанд, вале аз тарафи Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шудаанд, роҳандозӣ гардидаанд.
Намудҳои олимпӣ бояд дар кишвари мо низ дар мадди аввал бошанд. Вале намудҳои ғайриолимпӣ низ зуруранд, ҳар яке аз онҳо ҷойгоҳи худ ва алоқамандони худро доранд. Банда ҳаргиз мухолифи намудҳои ғайриолимпӣ нестам, чунон ки Яҳёев маънидод мекунад, аз дастовардҳои варзишгарон дар ин намудҳо низ хеле хушҳол мешавам, ба онҳо аҳсант мегӯям, ҳамеша аз дастовардҳояшон ба алоқамандони варзиш иттилоъ медиҳам.
Ба навиштаҳои камонвари машҳур, дурахшонтарин чеҳраи варзиши тоҷик Зебуннисо Рустамова, ки ҳамеша таъкид мекунад ба намудҳои олимпӣ бояд бештар таваҷҷӯҳ зоҳир гардад, ҳамфикрам. Зеро дар муддати беш аз 20 соли охир, баъди пирӯзии Андрей Абдувалиев соли 2005 дар чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, мо дар риштаи олимпии варзиш қаҳрамони ҷаҳон надорем. Инчунин 24 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон пас аз ғолибияти Абдувалиев дар Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселонаи Испания, қаҳрамони олимпӣ пайдо нашудааст.
Феълан варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти литсензионӣ оид ба бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо ВТФ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Вале то имрӯз мо танҳо як роҳхати олимпӣ дорем, ки онро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Аз ӯ дар Олимпиадаи навбатӣ медал чашмдорем. Бовар дорам, ки дар оянда аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамонҳои олимпӣ ва қаҳрамонҳои ҷаҳон дар намудҳои олимпӣ ба воя мерасанд».
http://news.tj/tj/news/narzullo-latifov-man-az-r-i-vi-don-sukhan-meg-yam