Дастрас шудани ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет, аз ҷумла операторони мобилӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, ВКонтакте ва видеохостинги Youtube-ро таъмин намуданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки аз дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз шомгоҳон огаҳ шудаанд. Хабари дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ корбаронро хурсанд кард, зеро барои истифодаи прокси ва VPN ҷиҳати дастрасӣ ба сомонаҳо қисмати зиёди трафик масраф мегардид.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр, рӯзи оғози исёни генерали Вазорати мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ комилан қатъ гардида буд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 Хадамоти алоқа даст доштани худ дар қатъ гардидани дастрасӣ ба сомонаҳоро инкор карда буд. Аз ҷумла муовини сардори Хадамоти алоқа Татяна Холмуродова дар ин робита изҳор намуда буд, ки онҳо барои қатъ гардинаи дастрасӣ ба сомонаҳо ҳеҷ дастуре надодаанд.

«Касе мегӯяд, ки Хадамоти алоқа ба бастани сомонаҳо дастур додааст, оё ягон тасдиқи ҳуҷҷатӣ ба ин гуфтаҳояшро дорад? Бигзор нишон диҳанд. Ягон шаҳрванд дар бораи баста шудани сомонаҳо шикоят накардааст, аз ин рӯ, ба гардани Хадамоти алоқа бор кардани ин гуноҳ дурӯғи маҳз аст», — таъкид дошта буд Холмуродова.

 

http://news.tj/tj/news/dastras-shudani-amai-shabaka-oi-i-timo-dar-ikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *