Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз , мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа зимни ҷаласаи ХХI- Шӯрои роҳбарони Агентиҳои хабарии давлатии ИДМ, ки имрӯз кори худро дар Душанбе оғоз намуд, иброз дошт, ки амнияти ҷаҳон аз амнияти иттилоотӣ манша мегирад.
Номбурда афзуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳамкориҳои иттилоотӣ бо назардошти равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар шароити имрӯз зарур аст. Ба гуфтаи ў пахши хабарҳои дақиқ ва саривақтӣ дар раванди ҳаводиси доғ барои амнияти иттилооти кишварҳо нақши бориз дорад.
-Бахусус инъикоси ахбори воқеӣ ва фаврӣ оид ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва низоҳои динӣ, ки ҳоло дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ё исломӣ доман задааст , яке аз рисолатҳои асосии фазои иттилоотӣ кишварҳои ИДМ мебошад. Дар ҳоле, ки имрӯз ҷаҳонро хатарҳои ифротгароӣ ва тундравӣ таҳдид мекунад. Ин таҳдид ба ҳаёти садҳои инсон аст. Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо дар минбарҳои бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таъкид кардааст, ки «терроризм дин ва мазҳаб надорад». Имрӯз хатар,зарар ва таҳдиди Давлати исломӣ ё ДИИШ ба кишварҳои мусалмонӣ соя кашидааст. Афғонистон яке аз кишварҳое аст, ки аз тарафи ҷануб на танҳо ба амнияти Тоҷикистон балки ИДМ хатар дорад, зеро амнияти иттилоотӣ ин амнияти кишварҳо ва ҷаҳон аст,- қайд кард, Раҳмонзода.
Бахши аввали ҷаласаи мазкур, ки аҳамияти ифтитоҳи дошт иштироки хабарнигорон дар он озод буд, аммо бахшҳои баъдӣ пушти дарҳои баста ҷараён дорад ва хабарнигорон интизоранд, ки баъд аз анҷоми ҷаласаи имрӯза аз иштирокчиён оиди масъалаҳои баррасишуда иттилоъ дастрас намоянд.
Зимнан,Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлати 3-юми ноябри 1995 бо Созишномаи ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади мусоидат ба рушди ҳамкории иттилооти созмон дода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии Агентиҳои иттилооти давлатии аъзои Шӯрои агентии иттилооти давлатҳои ИДМ маълумот додан ба аҳолӣ оид ба равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳод мебошад.
Шӯрои Агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ ба масъали ҳамкорӣ барои аз худ намудани технологияҳои муосири ВАО ва истифодаи васеъи он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатҳои мазкур бори охир дар шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2011 доир гардида буд. Он ба масъалаи таҷлили 20 солагии ИДМ ва дигар чораьиниҳои ҷашнии соли 2011, аз ҷумла иқдоми Шӯрои агентиҳои иттилооти давлатии ИДМ ба Ифтихори таҷлили Соли мероси фарҳангии дар ИДМ бахшида шуда буд.
http://faraj.tj/news/12734-ra1203monzodaamniyati-ittiloot1251-amniyati-1207a1203on-ast.html