Бахшида ба 25-соли таъсисёбии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) Агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои узв Хадамоти аккосиро таъсис доданиянд.
Зимни ҷаласаи ХХI- Шӯрои роҳбарони Агентиҳои хабарии давлатии ИДМ, ки имрӯз кори худро дар Душанбе оғоз намуд, зикр гардид, ки дар ин Хадамоти аккосӣ, ки дар сомонаи иттилоотии ИДМ роҳандозӣ мешавад, аз бойгонии 25-соли таъсисёбии созмони мазкур аксҳо инъикос меёбанд.
Ин ҷаласа тайи 2 рӯз дар Китобхонаи миллии кишвар баргузор гардида, дар ҷараёни кори худ Сергей Михайлов, раиси Шӯрои Агентиҳои хабарии давлатии ИДМ, Михаил Гусман, муовини аввали директории генералии ТАСС, Арам Ананян, директори Агентии иттилоотии «Арменпресс», директори генералии Агентии телеграфии Белорус (БелТА) Дмитрий Жук, директории генералии Агентии байналмиллалии иттилоотии «Казинформ» Даурен Дияров, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Курбаничбек Таабалдиев, директории Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ ва сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои иттилоотии Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон (АЗЕРТАҶ) Элшан Шаҳбалаев ва дигар хабаргузориҳои давлатию мустақили кишварро сари мизи мудаввар гирд овард.
http://faraj.tj/news/12731-idm-hadamoti-akkos1251-tasis-medi1203ad.html