Ба муносибати рӯзи матбуоти тоҷик дар ноҳияи Ҳисор мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо гурӯҳе аз рӯзноманигорони расонаҳои кишвар ва кормандону собиқадорони нашрияҳои маҳаллӣ баргузор гардидааст.
Шарифҷон Ҷумазода аҳли қалами шаҳри Ҳисорро бо рӯзи матбуоти тоҷик табрик карда, нақши матбуот, радио ва телевизионро дар ошкор кардани камбудӣ ва нуқсонҳои ҷомеъа муҳим хондааст ва барои ислоҳи онҳо хостори ҳамкории бештари хабарнигорон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор шудааст.
Ҳамчунин ҷаноби Ҷумъазода аз нияти фаъол кардани сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҳисор дар ояндаи наздикхабар додаст: « Ҳамчунин пуст (адреси)-и электронии раиси шаҳр ва дигар масъулон дар ихтиёри расонаҳо ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин таъсиси вазифаи котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳам дар назар аст».
Ба гуфтаи Шарифҷон Ҷумазода, ҳадаф аз ин иқдом ба роҳ мондани робитаи доимӣ миёни расонаҳо ва ҳукумати шаҳр барои мусоидат дар пешрафти ин шаҳри куҳанбунёди Ҳисор аст. Дар мулоқот инчунин гуфта шудааст, ки ҳоло ба нашрияи Ҳисори Шодмон ҳудуди 2 ҳазор сокини шаҳр обуна шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо 285 ҳазор аҳолии шаҳр бисёр кам аст. Аз маҷаллаҳои Ҳисори Зарнисор ва Маорифи Ҳисор барои саҳмашон дар чопи осори аҳли қалами шаҳр ва инъикоси мушкилоти зиндагии мардум, бахусус дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ изҳори қадрдонӣ шуд. Бархе аз ширкаткунандагон хостори дубора фаъол кардани радиои маҳаллӣ дар маркази шаҳри Ҳисор шуданд. Мавзуъи таъсиси як телевизиони маҳаллӣ ҳам дар дидори имрузи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор бо журналистон матраҳ шуд.
Барои нахустин бор аст, ки дар рӯзи матбуоти тоҷик дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Ҳисор бо намояндагони воситаҳои ахбори умум, бахусус журналистоне ки зодаи Ҳисор ҳастанд ва дар расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ кор мекунанд, мулоқот баргузор мешавад.
Дар поёни мулоқоти имрӯз ҳудуди 15 журналист бо ифтихорнома, китоб ва планшетҳои мақомоти иҷроияи ҳоикимияти давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.
http://faraj.tj/news/12704-raisi-1202isor-ba-zhurnaliston-planshet-dod.html