Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, 60 нафар намояндагони воситаҳои ахбори давлативу хусусиро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи матбуот кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо ҳадя кардани дарзмол ва гулҳо табрик намуда, саҳми хабарнигоронро барои рушди шаҳру вилоят назаррас арзёбӣ намуд.
«Яке аз рукнҳои асосии устувори замони Истиқлол ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ ва изҳору андешаҳои бунёдкорона мебошад», — гуфт Раиси шаҳри Хуҷанд.
Зимнан, ба иттилоъи хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 13 шабакаи телевизионӣ, 14 шабакаи радиоӣ, беш аз 50 рӯзнома ва 6 маҷалла фаъолият доранд.
http://faraj.tj/news/12696-raisi-hu1207and-ba-zhurnaliston-darzmol-1203adya-kard.html