82% фаъолияти Шабакаи якум-и телевизионро ғайриқаноатбахш медонанд

Аксарияти пурсидашудагони як назарпурсӣ фаъолияти Шабакаи якум-и телевизионро ғайриқаноатбахш унвон кардаанд.

Дар ин назарпурсӣ, ки таҳти унвони “Баҳои Шумо ба фаъолияти Шабакаи якум-и телевизион” баргузор шуд, 82 дарсад гуфтаанд, ба фаъолияти ин шабака баҳои ғайриқаноатбахш медиҳанд.

Аммо бар хилофи назари респондендони мазкур, 9 дарсад бовар доранд, ки кори ин шабака қаноатбахш аст.

5 дарсади иштирокчиён фаъолияти Шабакаи аввал-ро хуб ва 4 фоизи боқимонда кори ин шабакаро аъло гуфтаанд.

Ин назарпурсӣ аз 2-юми март то 7-уми марти соли 2016 бо супориши ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар сомонаи Оҷонсии иттилоотии «TojNews» гузаронида шуда, дар он 757 нафар ширкат кардааст.

Дар пурсиши навбатии сомона, ба суоли «Расонаҳои ғайридавлатии тоҷикро мустақил мешуморед?» метавонед аз ҳоло ширкат кунед.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/82-faoliyati-shabakai-yakum-i-televizionro-gayrikanoatbahsh-medonand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *