Дэвид Кайе, коршиноси ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи сафари якҳафтаинаш дар Тоҷикистон бо хабарнигорон суҳбат хоҳад кард.
Ӯ 3-юми марти соли равон барои арзёбии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён вориди Тоҷикистон шуда буд. Дар давоми ҳафта бо намояндагони Маҷлиси намояндагон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлативу намояндагони расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда буд.
Дэвид Кайе имрӯз, 9-уми март соати 14:00 дар меҳмонхонаи “Серена”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ дар як нишасти хабарӣ бо журналистон аз натиҷаи сафараш суҳбат мекунад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/anons-nishasti-habarii-guzorishgari-vizhai-smm-dar-dushanbe