Намояндаи вижжаи СММ вазъи озодии матбуо дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Гузоришгари Созмони миллали муттаҳид дар умури матбуот Девид Кайе рӯзи 3 март вориди Душанбе шуда то рӯзи 9 март дар Тоҷикистон масоили марбут ба озодии матбуотро баррасӣ мекунад.

Девид Кайе, гузоришгари СММ дар умури озодии мабуот бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад ва қарор аст, чолишҳо ва монеъаҳое, ки ба озодии мабуот сад мегузорадро мавриди баррасӣ қарор диҳад.  Девид Кайе гуфтааст, ки дар миёни мавзуҳое, ки бо ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мекунад, озодии матбуот, амнияти рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ мавзуоти аввалиндараҷа хоҳанд буд.

Ин намоядаи вижаи СММ бо масъулони вазорати адлия, фарҳанг ва умури дохила молоқот хоҳад кард. Ҳамчунин вохурии ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ташкил хоҳад шуд.

http://www.pressa.tj/article/namoyandai-vizhzhai-smm-vazi-ozodii-matbuo-dar-tochikistonro-barrasi-mekunad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *