Имрӯз дар толори «Шарқи озод» маҳфили ёдбуди репортёри тоҷик Мақсуд Ҳусейн доир гардид.
Дар маҳфил ҳамкасбону пайвандон ва дӯстони зиндаёд Мақсуд Ҳусейн аз қабили профессор Иброҳим Усмонов, Нуриддин Қаршибоев, Нуралӣ Давлат, Сангин Гулов, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Иззатбек Идизода, Амалхонум Гадҷиева, Ҷамила Ҳусейнзода ва Ҷамшед Ҳусейнзода иштирок карда ҳар яке бо хотироти хушу фаромӯшношуданӣ мавсуфро ёд намуданд.
«Мақсудҷон ба шаклу роҳи хоссаи худ яке аз шахсиятҳои нотакрори журналистикаи тоҷик аст. Ӯ публитсист набуд, балки репортёр буд. Ҳамеша чизи навро ҷустуҷӯ мекарду менавишт. Албатта, дигарон низ навнигорӣ мекарданд, аммо ба он шевае, ки Мақсудҷон менавишт, касе наметавонист» — ёдовар шуд, Иброҳим Усмонов.
Ба гуфтаи профессор Усмонов мисли Мақсуд Ҳусейн дар таърихи журналистикаи тоҷик репортёри ҳирфаӣ то ба имрӯз пайдо нашудааст: «Муқоиса бисёр душвор аст, лекин ҳамин қабил репортажҳое, ки Мақсудҷон менавишт, дар Иттиҳоди Шӯравӣ Василий Песков дар соҳаи табиат менавишт. Ва фоторепортажҳои Мақсудҷон ҳамон замон хусусияташ беҳтар шуд, ки мавзӯъ пайдо кард. Вай дар бораи шахсиятҳои бузурги тоҷикон аз қабили нависандаҳову шоирон, актёрҳову олимон чизе менависту ин шахсиятҳоро бо мардум ошно мекард. Дар як вақт гӯё ҳам сурат мегирифту ҳам китоб менавишт. Вай ба ин кор асос гузошт, аммо мутассифона имрӯз касе онро давом намедиҳад».
Дар баробари ёдовар шудан аз ҳунару истеъдоди нотакрори Мақсуд Ҳусейн аҳли маҳфил аз хислатҳои наҷибу табъи шӯхи равоншод ёдовар гардиданд.
Амалхонум Гадҷиева, ки ҳамкасб ва дӯсти назидики Мақсуд Ҳусейн будааст, мавсуфро пеш аз ҳама чун инсони беҳтарин ва шахсияти нотакрор мешиносад. Ӯ мегӯяд, Мақсуд Ҳусейн шахсе буд, ки барои миллату ватанаш ҷонашро дареғ намедошт ва мехост, ки Тоҷикистон обод гардад.
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОТ , ки яке аз рафиқони ҳамкасби Мақсуд Ҳусейн будааст, мавсуфро чун шахси якрӯ ёдовар шуда мегӯяд: «Мақсудҷон хушомадгӯиро дӯст намедошт. Барои вай ҳама баробар буд, чӣ хурду бузург ё вазиру шахси оддӣ. Дар баробари ин табъи шӯхи дошт, ки ҳамаро хушҳол мекард. Дар кадом туйу маъкаркае, ки мерафт ҳамеша байти дӯстдоштааш: «Дар дастат гули гандум, Холи лабата кандум» ро, мехонд ва ҳама хуш мешуданд».
Устоди факултаи журналистикаи ДМТ Сангин Гулов, ки худро аз шогирдони Мақсуд Ҳусейн меҳисобад, мавсуфро чун шахси зариф ва соҳибдил мешиносад. «Вақте дар газетаи «Сухан» кор мекардаму аз он кас мусоҳиба гирифтам, «устод» гуфта муроҷиат мекардам, гуфта буданд, ки «Гӯш кун! Ҳамин «устод» -гӯии ту мазоҳ аст? Чунки ҳоло ҳама якдигарро устод мегӯянд. Ман гуфтам, ки не, устод, ин самимона аст ва пас аз ин маро дар қатори шогирдонашон медонистанд»,- ёдовар шуд, Сангин Гулов.
Журналист Иззатбек Идизода ҳамсабақи Мақсуд Ҳусейн низ аз зарофатҳои мавсуф ёдовар шудаву гуфт, ки ягон лаҳзае набудааст, ки ҳамроҳи Мақсуд Ҳусейн шӯхиву ҳазл накарда бошанд: «..Ман ҳамон мардро сано хонам, Ки яке рӯю як забон дорад. Аз ҷаҳон рафта бо ҳазор армон, Дар дили мо вале ҷаҳон дорад».
Дар охир журналист Ҷамила Ҳусейнзода духтари равоншод Мақсуд Ҳусейн бо ифтихор аз падари некноми худ ёдовар шуда, гуфт фахр мекунад, ки давомдиҳандаи роҳи падари хеш аст.
Мақсуд Ҳусейн фаъолияти хабарнигориfiро чун аккос аз соли 1970 шуруъ намудааст. Вай аз соли 1975 то 1991 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» фаъолият карда, баъдан то соли 1996 ба ҳайси хабарнигори нашрияи «Садои мардум» фаъолият намудааст. Номбурда аз соли 1996 то охири умраш — соли 2000 дар нашрияи «Чархи гардун» кор кардааст
Мақсуд Ҳусейн 10 ноябри соли 2000 дар шаҳри Душанбе бар асари бемории гурда ҷон ба ҷонофрин супурдааст.
http://faraj.tj/news/12610-ede-az-ma1179sud-1202useyn-reporteri-to1207ik.html