Президент ба фаъолияти ду шабакаи нави телевизионӣ ҳусни оғоз мебахшад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 1 март ба фаъолияти ду шабакаи нави телевизионӣ — «ТВ-Варзиш» ва «ТВ-Синамо» ҳусни оғоз мебахшад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарорҳои ҳукумати кишвар аз 24 ноябри соли гузашта Файзуллозода Хуршед Мирзо директори Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» ва Набизода Набӣ директори Муассисаи давлатии «ТВ-Синамо» таъин карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дафтарҳои кории шабакаҳои нави телевизионҳои давлатӣ дар бинои Академияи ВАО-и Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт ҷойгиранд.

 

http://news.tj/tj/news/prezident-ba-faoliyati-du-shabakai-navi-televizion-usni-o-oz-mebakhshad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *