Бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода корманди МТЖТ бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Имрӯз муовини раиси Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода палковник Муҳаммадҷон Салимзода дар бинои «Шарқӣ озод» дар ҳузури журналистон ба Бахтиёр Алимов корманди МТЖТ аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тӯҳфаи хотиравӣ супорид.
Ӯ зимни суханрониаш аз ҷасорат ва мардонагии Бахтиёр Алимов, ки занеро аз худкушӣ наҷот дода буд, бо ифтихор ёдовар шуда, кори ӯро боиси таҳсину офарин хонд. Инчунин номбурда аз оҷилу сари вақт паҳн кардани иттилоот ба кулли хабарнигорони расонаҳо изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми феврали соли равон дар наздикии бинои «Шарқи озод» як духтар худро ба дарёи Душанбе партофт, ки корманди МТЖТ тасодуфан ин манзараро дида, ӯро наҷот дод.
http://faraj.tj/main/12540-kumita-1179a1203ramonii-kormandi-mtzht-ro-1179adrdon1251-kard.html