Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз талаффузи “вилояти Бадахшон” дар шабакаҳои телевизионӣ интиқод кардааст.
19-уми феврал ӯ бо нашри як муроҷиат дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба унвонии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода аз он нигаронӣ кардааст, ки “тайи муддати як моҳи охир (шояд бештар ҳам бошад) дикторон ва суҳбатороёни шабакаҳои телевизион “Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”-ро ба шакли “вилояти Бадахшон” талаффуз мекунанд. Бахусус дар барномаҳои “Ахбор” ва “Маълумот дар бораи обу ҳаво” ягон маротиба ибораи “Мухтори Кӯҳистон” садо намедиҳад”.
Ба таҳлили Ато Мирхоҷа ҳазфи ибораи “Мухтори Кӯҳистон” танбалӣ ва ё саҳв набуда, огоҳона сурат мегирад. Зеро ба бовари ӯ: “Аввалҳо фикр мекардам, ки шояд саҳв мекунанд ё танбалӣ.
Пас аз муқоисаи рафтори дастандаркорони телевизионҳо бо Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва лоиҳаи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баъзе санадҳои дигар ба чунин хулоса омадам, ки дастандаркорони телевизионҳо ба ин ғалат амдан, огоҳона ва мақсаднок роҳ медиҳанд”.
Ато Мирхоҷа бо хитоб ба раҳбарони шабакаҳои телевизионӣ навиштааст:
“Телевизион ҷойе нест, ки ҳар чи дилатон хост, ба ҳамон дастур кор кунед. Агар шумо дастур надода бошед, лоақал барномаҳои ахборатонро гоҳе тамошо ва таҳлил кунед. Агар дикторону ровиёнатон дар бораи ҷуғрофиёи сиёсиву маъмурии Тоҷикистон саводи кофӣ надошта бошанд, онҳоро ба курсҳои такмили ихтисос ба назди Зиннатулло фиристед.
Дирӯз хабареро дар бораи ба вилояти Бадахшон (?) расондани ёрии башардӯстӣ тамошо карда, фикр кардам, ки воқеа дар Бадахшони Афғонистон сурат мегирад.
Ба ёд дошта бошед, ки вулусволии Бадахшон дар Афғонистон, яъне мамлакате дар соҳили чапи рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, ки маъмулан аз тоҷикон сар карда то паштуҳову эрониҳо онро «Вилояти Бадахшон» мехонанд. Аммо Тоҷикистон, ки дар қисми рости рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад, ки соли 1925 таъсис ёфта, то имрӯз касе онро барҳам надодааст. Бинобар ин, на шумо ва на каси дигар ҳақ надорад, ки телевизионро ба дастгоҳи хостаҳои шахсии худ табдил дода, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи як вилояти бузурги Тоҷикистон зери по кунед.
Хоса дар соле, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад, ин амалатон боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо дар байни бадахшониён ва барангезондани ихтилофҳои сунъӣ мегардад.
Фикр мекунам, ки иштибоҳи худро минбаъд ислоҳ мекунед ва ин суйитафоҳумро бартараф месозед.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санги асоси давлати Тоҷикистон аст. Санги асосро беҷо кардан хосияти хуб надорад.
Зи таърих ин аст осори мо:
Бадахшони пурганҷи мухтори мо!”