Мақомоти Қирғизистон хабарнигори бахши тоҷикии Озодиро, ки рӯзи 8 феврал дар марз бо ин кишвар дастгир шуд, баъди 8 соати боздошт озод карданд.
хабарнигори бахши тоҷикии Радиои ОзодӣМаъсуми Муҳаммадраҷаб (Маъсум Имомов), ки рӯзи 8 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуд, шоми душанбе хабар дод, ки ӯро тақрибан соати ҳашти шом, баъди 8 соати боздошт озод кардаанд. Маъсуми Муҳаммадраҷаб мегӯяд, ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати рӯшани ба Қирғизистон тааллуқ доштанаш дида намешуд.
Дар посух ба эътирози хабарнигори Озодӣ, марзбонҳои қирғиз як аломатеро нишон додаанд, ки дар канори ҷӯ дар як ҷои нонамоён гузошта шуда, дар он «Рустои Мақсат» навишта шуда буд. Ин русто ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тааллуқ дорад.
Қаблан раҳбарони Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, хабарнигори боздоштшудаи Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба маркази ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд интиқол дода шудааст. Ба гуфтаи мақомоти марзбонии қирғиз, таҳқиқи қазияи ин хабарнигори Озодӣ ба бахши ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вогузор шудааст.