Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муҳлати ҳабси Аминҷон Гулмуродзода як сол кам шудааст.
Бино ба иттилои Аюбов Ҳ.Н. адвокати коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «СИПАР» ҳукми Аминҷон Гулмуродзода, ки қаблан ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд, як сол кам шуд.
Аминҷон Гулмуродзода моҳи августи соли 2015 аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷат 2 сол зиндон шуда буд.
Ӯ корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва муҳаррири бахши русии сомонаи фараж буд.
http://www.pressa.tj/article/bo-faromoni-e-rakhmon-khabsi-gulmurodzoda-yak-sol-kam-shud