Гӯри матбуоти тоҷикро дар парлумон мекананд ё не?

Айни замон дар парлумони кишвар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаи ахбори омма» бо ширкати журналисти тоҷик Аваз Юлдошев мавриди баррасӣ қарор дорад.

Хабарнигори махсуси faraj.tj Ҷамила Мирбозхонова аз толори парлумон гузориш медиҳад.

Тибқи лоиҳаи тағйирот дар идома дилхоҳ прокурор ва раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг метавонанд бо амри хаттӣ фаъолияти нашрияи номақбулашонро ба муддати се моҳ мавқуф кунанд.

Ин лоиҳа матбуоти тоҷикро ба пой хезонд, изҳороти созмонҳои журналистӣ ва маводи таҳлилӣ дар ин робита пайиҳам нашр мешаванд. Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанги кишвар зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфт, ки » журналистон бояд аз таҳкир даст кашанд.

-Имрӯз, мутаассифона иттилоот дар бораи терроризм дар рӯзномаҳои муосир бармало ҳис мешавад. Хадафи асосӣ мутобиқ кардани қонун ба тамоми қонунҳои амалкунандаи кишвар, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб мебошад. Ин варианти беҳтарин аст барои рӯзноманигорон», -афзуд, вазири фарҳанг.

 

http://faraj.tj/main/12331-g1263ri-matbuoti-to1207ikro-dar-parlumon-mekanand-e-ne.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *