Ба таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён
Ба таваҷҷӯҳи раиси КДАМ-и ҶТ Саймумин Ятимов
Ба таваҷҷӯҳи Омбудсмени ҶТ Зариф Ализода
Мӯҳри СНБ-и Ӯзбекистон дар ҷайби кист, бояд мақомоти дахлдори Тоҷикистон маълум кунанд!
Махсус, барои шумо!
Дар қисмати аввали ин тадқиқоти журналистӣ ҳам, мо ба масъулин муроҷиат карда будем, аммо мутаассифона, гоҳо дарди журналист ва ё нидои қишри поён кам мешавад, то ба гӯши боло бирасад. Эҳтимол, тавре зиёд мегӯянд, имрӯз миёни қишри доро ва нодор холигоҳи нафратангезе ба вуҷуд омадааст ва бошандагони ин «холигоҳ»-ро дигар чизе нороҳат намекунад, ки дар ин майдон ва дар ин кишвар имрӯзу фардо чӣ мешавад. Ва гӯё фардои ин бемасъулиятӣ чӣ натиҷаҳое хоҳад дошт, касеро ба ташвиш намеорад.
Бо қисмати аввали ин матлаб, шумо бо дарёфти шумораҳои №44 (465) ва 45 (466) аз санаи 28 октябр ва ва 4 ноябри соли гузаштаи ҳафтаномаи «Фараж» шинос шуда метавонед (воқеан, ин матлабро аз интернет бо ин нишона низ дарёфт кардан мумкин аст:http://faraj.tj/main/11479-pushti-govsudi-zhurnalist-k1251-meistad.html).
Бо таассуф, тавре аллакай дарк кардед, ҷор задан дар ин мавзӯъ, мақоли «дар гӯши кар азон хондан»-ро мемонд. Аммо «ноумед танҳо шайтон аст» мегӯянд ва мо худро чун аз умматони пайғамбари ахируззамон ҳисоб мекунему сарвари кишвари мо, аз зумраи ин умматон будани хешро ба тозагӣ тариқи зиёрати хонаи Худо бори дигар барои ҳамаи мо исбот намуд, бо умед, тавре ваъда дода будем, сари паҳлӯҳои дигар ва ҷузъиёти нави ин масъала баҳри тантанаи адолату ҳақиқат ҳарф мезанем.
Фикр мекунем, такрори гуфтани он ки талаботи қонунгузориҳои ҷорӣ, ба хусус, КҶ ҶТ, КМҶ ҶТ, қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» дар суди Аминҷон Гулмуродзода тамоман риоя нашудаанд, беҳуда аст, зеро тавре гуфтем, имрӯз чунин менамояд, ки мақомоти тафтишотиву маҳкумкунандаи зинаи аввал дар Тоҷикистон то андозае бепарвову «боҷуръат» шудаанд, ки ҳар вақте агар дилашон хост, қонунро ба ҳамун шакле барояшон лозим аст, тафсир медиҳанд. Баъдан, шояд аз барои «худӣ» будани парвандасозҳо «сари кафида, таги тоқӣ» гуфта, хомӯш мешинанд…
Агарчи, аз ҳукми аввалиҳо, касе солиёни дароз паси панҷара мешинад, касе ба худ тамғаи маҳкумшуда мегирад, касеро волидону фарзандон то баромаданаш аз зиндон азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд, касеро тақдири минбаъдааш хати сиёҳ кашида мешаваду касеро шояд насиби дидори осмони софу озод дигар намекунад…
Решаи «дасти зӯр» аз куҷо месабзад?
Тавре дар қисмати аввали ин матлаб гуфта будем, ҷойи шак нест, пушти «говсуд»-и Аминҷон Гулмуродзода ва ё парвандаи №82564-и РКДАМ-и шаҳри Душанбе, каси «боқувват»-е ва ё дасти пурзӯре истодааст, вагарна чӣ тавр метавон шарҳ дод, ки дар тамоми ҳуҷҷатҳое, ки гӯё бо дархости ҷониби Тоҷикистон аз Ӯзбекистон фиристода шуда буд, ба ҷойи мӯҳрҳои ниҳодҳои дахлдори маҳаливу соҳавӣ танҳо ва танҳо мӯҳри УСНБ-и вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон зада шудааст? (барои исбот дар қисмати аввали матлаб мо ҳатто расмҳоро низ чоп карда будем,- МТЖТ).
Мутаассифона, барои чӣ ин корро анҷом доданд ва маблағгузори он кӣ буд, ҳанӯз ба ҷуз гумонҳо чизе гуфта наметавонем, вале …
Тавре ваъда дода будем, МТЖТ дар пайи ин масъала тадқиқоти худро идома дода, дар кушодани ин гиреҳи пур аз фиребу дурӯғ то андозае маълумотҳои навро низ боз ба даст овард. Инак, гӯш ба қимор шавед!
Агар ба хотири хонандаи мо бошад, мо дар матлаби пешина, акси маълумотномаеро бо забони русӣ аз номи раиси деҳаи Ухуми ноҳияи Фориши ҷумҳурии Ӯзбекистон Шомуродов Фаррух нашр намуда будем. Ва ҳатто суол низ гузошта будем, ки чаро ба ҷойи ду нафар имзои як нафар монда шудаасту ба ҷойи мӯҳри раиси деҳаи Ухум, УСНБ-и вилояти Ҷиззах муҳр задааст.
Аввалан, мо аз хонандаи худ барои ба иштибоҳ роҳ додан, миёни амакҳои Аминҷон Гулмуродзода Фирӯз ва Фаррух узр мехоҳем. Маълум шуд, ки раиси деҳаи Ухуми ноҳияи Фориши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шомуродов Фаррух будааст.
Инак, мо нусхаи аслии он маълумотномаро аз санаи 12.05.15 таҳти №966 дастрас намудем, ки бар иловаи доштани имзову мӯҳри шахсону идораи дахлдор, боз маънои тамоман баръакси маълумотномаи аз ҷониби РКДАМ-и Душанбе ба суд пешниҳодшударо дорад (нигаред ба аксҳо,- МТЖТ).

Баръакси маълумотнома ва хислатномае ки гӯё УСНБ-и вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба РКДАМ-и шаҳри Душанбе пешниҳод карда буд, дар маълумотномаи ба дасти мо афтода, ки ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ навишта шудааст, гуфта мешавад, ки Гулмуродзода Аминҷон дар деҳаи Ухуми ноҳияи Фориши Ӯзбекистон дар қайди зист набуд, истиқомат надорад ва баъди гирифтани маълумоти нопурраи таҳсилоти миёна, соли 1997 ба ҷумҳурии Тоҷикистон рафтааст. Бинобар ин, гуфта мешавад, ки мақомоти деҳаи Ухум дар бораи номбурда тавсифнома (характеристика) низ дода наметавонанд.
Эҳтимол, кадоме маълумотномаи мо дастрас намударо сохта хонад, вале боз ҳам, барои мутмаин шудани шумо, мо нусхаи шиносномаи раиси деҳаи Ухум Шомуродов Фаррухро дастрас намудем, ки тавассути он шумо метавонед, аз имзои дар маълумотномаҳо мондашуда хулоса бароред. Дар маълумотномаи аз номи УСНБ-и вилояти Ҷиззахи ҶӮ ба суд пешниҳоднамудаи РКДАМ-и Душанбе имзои тамоман дигар кас аст (нигаред ба акс,- МТЖТ).
Тавре зикр намудем, нусхаи аслии маълумотномаеро ки мо дастрас намудаем, нафарони дахлдор, раиси деҳа Шомуродов Ф. ва котиб Ҷиянов К. шахсан имзо намудаанд ва он муҳри идораи деҳаро низ дорад. Инак, кӣ ҳақ асту кӣ сохтакор?!
Шояд мақомоти тафтишотии Тоҷикистон бо пешниҳоди нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои аз СНБ-и Ӯзбекистон фиристодашуда, ин айбро аз гардани худ соқит кунанд ва ё мақомоти амниятии Тоҷикистон муайян кунанд: Мӯҳри УСНБ-и вилояти Ҷиззахи ҶӮ дар кисаи кист?
Дар миёни ҳуҷҷатҳое ки РКДАМ-и шаҳри Душанбе, гӯё бо такя ба ҳуҷҷатҳои аз СНБ-и ҶӮ равонкардашуда, ба суд пешниҳод кардааст, баёнот-пурсиши бародарони Гулмуродзода Аминҷон вуҷуд дорад. Дар он хар ду бародар айнан як хел ҷавоб дода гӯё мегӯянд, ки бародарашон дар Ӯзбекистон таваллуд шудаасту соли 1999 падарашон Аминҷонро ба Тоҷикистон бурдааст.
Аммо дар мактубе, ки ба унвони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суди олии ҶТ ва сардори РКДАМ-и шаҳри Душанбе Гулмуродзода Каримҷон Пайванд, бародари Аминҷон навиштааст, асли воқеа тамоман дигаргуна тасвир мешавад. Маълум мешавад, ки Аминҷон дар шаҳри Душанбе, соли 1982, дар маҳаллаи 192 (маъруф ба 9 км) таваллуд шудааст. Ва бо вуҷуди он ки баъди дуюмбора хонадор шудани падар, бародарон муддате дар Ӯзбекистон назди бобову бибӣ зиндагӣ намудаанд, баъди вафоти пиронсолон, соли 1997 ҳар се боз ба Душанбе баргаштаанд. Танҳо баъди гирифтани маълумоти олӣ Каримҷон ҳамроҳи Салимҷон ба Ӯзбекистон ба хонаи бобоӣ баргашта рафтаанду Аминҷон бо падараш дар Душанбе мондааст.
Воқеан, Каримҷон Гулмуродзода ҳуқуқшинос аст ва мактуби хешро бо мӯҳру имзои кору насабиаш тасдиқ намуда, ба Тоҷикистон равон кардааст. (нигаред ба акс. МТЖТ)

Ба ҳамин мазмун, бародари дигари Аминҷон – Салимҷон Гулмуродзода, аммаҳояш Курганова Туйбибӣ, Шомуродова Аноргул, тағояш Абдусалом Ҳакимов низ, бо тасдиқи муҳри мақомоти ҷойи истиқомат, мактуб навиштаанд, ки Аминҷон ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Ӯзбекистон набуду аз соли 1997 ба ин сӯ боре ба Ӯзбекистон наомадааст (нусхаи мактубҳо дар МТЖТ аст).
Дарвоқеъ, дар баёнот пурсише, ки СНБ равон намудааст, бародарон Каримҷон ва Салимҷон Гулмуродзодаҳо гӯё мегӯянд, ки падарашон ҳар сол баъди марги волидонаш бо гирифтани виза ба Ӯзбекистон меомаду соли 1999 Аминҷонро ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон бурда буд. Сохта ва дурӯғ будани пурсиш аз ҳамин ҷо аллакай маълум аст, зеро низоми равондид ё виза миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 2000-ум оғоз ёфта буд.
Тибқи ҳуҷҷатҳои УСНБ-и вилояти Ҷиззахи ҶӮ пешниҳоднамуда, модари Аминҷон гӯё дар Ӯзбекистон вафот кардааст. Баъди муқоисаи ҳуҷҷатҳои идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва УСНБ-и Ӯзбекистон, дар масъалаи пур аз хато будани ҳуҷатҳои ӯзбекӣ, дар бораи сабабу санаи бемориву вафоти ин зан гап назанем ҳам мешавад. Барои донистани он ки санадҳои СНБ «равоннамуда» пур аз хатову иштибоҳанд, ақли зиёд лозим нест. Танҳо аблаҳ онро намефаҳмад ва ё гурӯҳе онро махсус надониста мегиранд, ки ин амал аллакай бӯйи «заказ» мекунад.
Дар идораи МТЖТ нусхаи баёноти полковники мустаъфии КДАМ Соҳибов Муродулло, собиқ ҷонишини сардори идораи амният дар ноҳияи Рудакӣ дар солҳои 80-90-уми асри гузашта, маҳфуз аст, ки номбурда дар мавриди дар куҷо ва бо кадом сабаб вафот ёфтани зани якуми Гулмуродзода Пайванд ҳарф зада, дар бораи Аминҷон гуфтааст: «…Аз вақте ки Аминҷон Гулмуродовро мешиносам ва медонам вай шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Ҳамин тариқ, дар мурофиаҳои судӣ шоҳидони дигар, ҳамсояҳо ва дӯстони наздики хонаводаи Гулмуродзодаҳо, аз қабили Умарова Олия, Бекмуродов Отамурод, Сатторов Қиёмиддин ва ҳатто вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Олим низ гувоҳӣ доданд, ки Аминҷон зодаи Тоҷикистон асту муддате баҳри тарбия назди бобову бибияш қарор дошт. Вале аз чӣ бошад, ин нишондод барои судяи парванда Исозода Хуршед лозим набуд. Ва ҳатто судя дар ҳукмаш бо такя ба талаботи моддаи 73 КМҶ ҶТ ишора мекунад, ки «агар шоҳид сарчашмаи маълумотҳоро нишон дода натавонад, маълумоти додаи ӯ далел шуда наметавонад».
Аммо хонандаи азиз, худ як қазоват кунед. Шахс то кадом андоза ба тақдири инсон бояд бетафовут ва ё «ҳавасманд» бошад, ки ба далелҳои сохтаву бофта бовар кунаду ба сухани шоҳидони воқеӣ бояд «шубҳа» кунад?
То ҷое медонем, қонунгузорӣ аз айбдоршаванда исботи бегуноҳиро не, балки аз тафтишот исботи гунаҳкор будани ӯро талаб мекунад. Дар мисоли мо, тамоми далелҳои айбдоркунӣ шубҳаноканд, вале судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозодаро ин не, балки гуфтаҳои шоҳидони ҷониби ҳимоя ба шубҳа оварда буд. Ба андозае судя дар шубҳа афтида буд, ки дигар на ба суханҳои намояндаи мардумиву собиқ корманди амнияти ҳамон маҳал бовар мекарду на ба гуфтаҳои дӯстону ҳамсояҳои оилаи Гулмуродзодаҳо. (ин ки дар бойгониҳо ҳуҷҷатҳо гӯё сӯхта ва нобуд шудаанд, айби Аминҷон Гулмуродзода нест,- МТЖТ).
Ҳамин тавр, дар қабати ин парванда даҳҳо ишколи дигарро низ ёфтан мумкин аст. Масалан, чаро шиносномаҳои ӯзбекие, ки ба Аминҷон Гулмуродзода нисбат медиҳанд, серияҳои якхела доранду шиносномаи дуюм шашрақама аст? То ҷое медонем, вақте теъдоди аҳолӣ аз миллион нафар зиёд аст, адади силсилавии шиносномаҳо аз ҳафт рақам боло мешаванд.
Ва ё чаро тафтишот ва намояндаи қонуну адолатро парвое нашуд, ки агар воқеан Аминҷон Гулмуродзода шиносномаи ӯзбекӣ дошта бошад, пас онро номбурда дар куҷо истифода бурдааст? Хушбахтона, дар ин маврид ҳатто СНБ-и Ӯзбекистон ҳам барояшон маълумот дода натавонист, зеро ҳуҷҷатҳо сохта буданд. Вақте чизе нест, онро истифода бурда ҳам намешавад!
Дигар ин ки дар ҳоле ҳатто аз рӯи фикри айбдоркунӣ ҳам шаҳодатнома ва ҳам шиносномаро Аминҷон Гулмуродзода аз рӯи санаву таърихаввал аз Тоҷикистон гирифта шудааст, Исозода Хуршед бо кадом асос ва ақл ҳуҷҷатҳои гӯё аз Ӯзбекистон додашударо ҳақиқӣ хонд?
Хуллас, парванда тавре дар мақоли русӣ мегӯянд, «бо риштаи сафед дӯхта шудааст»-у барои донистани он ки супоришӣ асту таҳлили зиёд лозим нест. Аммо фармоишгар кӣ буд?
Дар ҳоле ки дар паси тартиб додани ин парванда масъулини РКДАМ-и Душанбеи Тоҷикистон ва УСНБ-и вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон истодааст, ҳанӯз дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Аммо тавре Суқрот гуфтааст: «Ҳақиқат хоҳу нохоҳ рӯзе рӯ мезанад!».
Зоғ ҳам бачаи худро «сафедаки ман» мегуфтааст
Дар ривояте омадааст, ки вақте баҳс сари кадом кори файласуфе меравад, шахсе хеставу гуфтааст: «Агарчи Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат афзалтар мебошад». Ин мақолро судяҳо низ такрор карданро дӯст медоранд. Аммо…
Ба қисмати аввали матлаби мо, ки дар моҳи октябр-ноябри соли гузашта нашр шуда буд, танҳо раиси суди шаҳри Душанбе Садирзода Н. А ҷавоб навишт. Вале номбурда боз ҳам гӯё маътали «худиро намефурӯшем»-ро ба ёд оварда, дар кирдори судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Исозода Хуршед дар пешбурди ин парванда ягон ишколе наёфт. Ҳарчанд дар ҷавоби хеш, номбурда менависад, ки «… дар суди марҳилаи якум дуруст муайян гардидааст, ки Гулмуродзода А.П бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи қалбакии худ рӯзи 30.07.1998 аз ШКД-и ноҳияи Рудакӣ шиносномаи силсилавии № 013907-ро гирифтааст, ҳол он ки ӯ рӯзи 4.08.1989 шаҳодатномаи таваллуд, таҳти силсилаи II-ВП №485050-ро рӯзи 7.05.1999 ва такроран 31.12.2007 шиносномаи шаҳрвандии ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба даст овардааст».
Мантиқан, бояд мегуфтанд, ки пештар фалон кирдорро фалонӣ ба анҷом расонидааст. Вале агар ба санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо аҳамият бидиҳем, ҳуҷҷати аз Тоҷикистон гирифташуда, аввалӣ аст. Пас кадом ҳуҷҷат бояд қалбакӣ бошад?
Эҳтимол, раиси суди шаҳри Душанбе низ ба асли масъала сарфаҳм нарафта, дар ҷавобия имзо гузошта бошад!? Зеро рақами силсилавии шиносномаи тоҷикии Аминҷон Гулмуродзода низ дар ҷавобия хато навишта шудааст! (нигаред ба акс)

Раиси Суди Олӣ бехабар аст?
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии кишвар, 18 январи соли ҷорӣ, дар нишасти матбуотии ниҳоди худ, ба суоли хабарнигори faraj.tj дар мавриди ноадолатиҳо дар қазияи Аминҷон Гулмуродзода посух дод, ки дар ин бора бори аввал мешунавад ва дарҳол ба масъулини зертобеаш супориш дод, то ин парванда аз нав дида баромада шавад.
Мо бисёр мехостем, ки воқеан ҳам ба бехабарии раиси Суди Олӣ дар ин бора бовар кунем, зеро тасмими баъдинаи номбурда аз нав умед ба адолат ва тантанаи ҳақиқатро дар Тоҷикистон зинда мекунад.
Дар илова бар ин, маълум мешавад, ки ниҳоди номбурдаро ташкили шӯъбаи махсуси робита бо ҷомеа лозим аст, чунки раёсати Суди Олӣ дар баробари гузоришҳо аз кори кардашудаи зертобеони хеш тариқи идоравӣ, боз аз маводу матлабҳои журналистӣ тариқи нашрияҳо низ бохабар бояд бошанд. Зеро амалу рафтори «ду-се кайк» гоҳо фаъолияти ин ниҳоди бузурги риояи адолат дар Тоҷикистонро зери суолу шубҳаҳо мебарад.
SOS: Ба судя айнак диҳед, ё пеши духтури чашм баред!
Дар ин бора, мо дар қисмати аввали матлаб гуфта будему эҳтимол ниёз ба такрор низ набуд. Вале тамоми ин мушкил баъди вафоти устод Гулмуродзода Пайванд сар зад ва аз эҳтимол дур нест, изи тақсими мероси марҳум дар ин масъала яке аз ҷузъиётҳои муҳими масъала бошад. Аммо…
Асоси фикри айбдоркунии мақомоти тафтишот, гӯё қалбакӣ будани шаҳодатномаи Аминҷон Гулмуродзода мебошад, ки онро падараш соли 1989 баъди тағйир додани номи худ барои фарзандонаш низ анҷом дода буд. Боқӣ, агар одами андаке ақлу фаросат дошта, ба фикри айбдоркунӣ аҳамият бидиҳад, ягон кори ғайриқонуние анҷом наёфтааст.
Шаҳодатномаи такрориро ҳукумати давраи шӯравии Тоҷикистон замони 6-7-сола будани Аминҷон додааст, ки дар он замон дар масъалаи сохтакорӣ кардани шаҳодатнома одамон ҳатто фикр ҳам намекарданд ва аз пеши худ кӯдак низ рафтаву аз мақомоти дахлдор шаҳодатнома гирифта наметавонист.
Барои тасдиқи он ки Аминҷон зодаи Тоҷикистон аст, шоҳидони зинда то ҳозир вуҷуд доранду дар суд ҳам гувоҳӣ додаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро суд онро шунидан намехоҳад?
Илова бар ин, аз тайёр шудани ин шаҳодатнома то рӯзи тафтишот қариб 26 сол гузаштааст, ки боз ҳам андешаи гузаштани мӯҳлати даъворо пеш меорад. Агар шаҳодатномаи соли 1989 сохта буд, фикр намекунем, ки соҳиби шаҳодатнома аз он хабар дошт. Вақте ӯ — Аминҷон Гулмуродзода бо пешниҳоди ин шаҳодатнома шиноснома гирифту барои илмомӯзӣ дар Донишгоҳ, барои ба кор даромадан дар чанд коргоҳ, барои бо даъват ба идораи тафтишоти РКДАМ-и Душанбе рафтан онро истифода мебурд, ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки рӯзе судя Исозода Х. онро беасос ғайриқонунӣ хонда, ӯро паси зиндон мекунад. Зеро шиносномаро барои ӯ мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо санҷиши дигар ҳуҷҷатҳо, бо мондани мӯҳр дар шиносномае, ки кафолати ҳимояи ҳуқуқи дигар манфиатҳои ӯро давлати Тоҷикистон медиҳад, додааст.
Гузашта аз ҳама, бори дигар такрор мекунем, ҳам шаҳодатнома ва ҳам шиносномаро Аминҷон Гулмуродзода, тибқи таъриху санаи гирифтан аввал аз Тоҷикистон гирифтааст. Пас бо кадом мантиқ, муфаттиш ва судяи ин парванда шаҳодатнома ва шиносномаи ӯзбекиро неву шаҳодатнома ва шиносномаи тоҷикиро қалбакӣ мехонанд?
Шодӣ макун, ки бар ту низ ин моҷаро равад…
Сари ин мавзӯъ, эҳтимол ҳоло боз бармегардем. Таҳлили ҳаводис ҳоло ҳам вақтро талаб мекунад, вале дер ё зуд чигил кушода мешавад. Ва албатта рӯзе фаро хоҳад расид, ки номи сохтакороне, ки бо кӯмаки бародарони хеш дар он сӯи сарҳад дар нӯги ин ришта гиреҳ андохтаанд, фош хоҳад шуд.
Ҳоло муҳимтар як мушкил аст, ки мехоҳем, аз он ба гӯши масъулин бирасонем.
Ду сол тез мегузарад. Ва Аминҷон Гулмуродзода низ нафас аз ҳавои озод хоҳад чашид. Аммо бигӯед, дар ҳоле, ки ӯ воқеан ҳам шаҳрванди Ӯзбекистон нест, фардо аз зиндон баромад, Аминҷон Гулмуродзода куҷо бояд равад? Тақдири зану ду фарзанди ӯ низ чӣ гуна анҷом хоҳанд ёфт?
Ва ин ҳамаро суд дар соли оила анҷом дод. Гӯё парешон сохтани оила, ҷудо намудани волидону фарзандон, зери суол гузоштани тақдири минбаъдаи эшон аз вазифаҳои дар пеши онҳо гузошташуда буд.

Ва дар хотимаи нақли имрӯза, агар дар нисбати шумо хоҳ судя, хоҳ муфаттиш, ҳар касе ки набошад, ҳамин аҳвол рух медод, ….
Давомашро намепурсем, одами оқилро як ишора бас аст.
Сари ин мавзӯъ ҳоло боз хоҳем баргашт, бигӯ агар худо хоҳад!
http://faraj.tj/politics/12298-pushti-govsudi-zhurnalist-k1251-meistad-2.html