Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ сомона ва нашрия таъсис медиҳад

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар соли таҳсили 2015-2016 5823 нафар донишҷӯро аз рӯйи 5 ихтисос ба таҳсил фаро гирифтааст (аз ин 5209 нафар дар шуъбаи рӯзона). Аз гузориши ректори донишкада Шодӣ Сафаров маълум шуд, ки мувофиқи пешниҳоди Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ баро соли таҳсили ҷорӣ 59,64 фоизи нақшаи қабул иҷро гардид, ки боиси нигаронист. Нақшаи қабул аз ҳисоби гурӯҳҳои шартномавӣ бошад, ҳатто ба 50%  иҷро нашуда, дар натиҷа 400 ҷой дар гурӯҳҳои шартномавӣ холӣ мондааст. Ин ҳолат ба вазъи молиявии донишкада бетаъсир намондааст.

Дастовардҳои варзишии донишкада қобили таваҷҷуҳанд. Дастаи варзишгарони  донишкада дар  Спартакиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, дар байни 16 мактаби олии кишвар бо 42 медали тилло, 29 нуқра ва 22 биринҷӣ ҷойи аввалро ишғол карданд. Дар мусобиқаи Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон донишҷӯи соли аввал Муниса Раҳимова якум ба марра расид ва бо ҷоизаи ифтихорӣ қадр гардид. Дастаи волейболбозони донишкада чанд соли охир дар чемпионатҳои дастаҳои волейболи кишвар ғолиб омада, унвони чемпиони Тоҷикистонро сарфароз гардидааст.

Шодӣ Сафаров ба пурсишҳои рӯзноманигорон посух дода гуфт, ки дар донишкада 72 адад компютер фаъол буда, аз ин 22 адад бо интернет  пайвастанд.

Донишкада ба наздикӣ сомонаи худро кушода, нашрияи ҳармоҳаашро таъсис хоҳад дод.

 

http://www.pressa.tj/article/donishkadai-tarbiyai-chismoni-somona-va-nashriya-tasis-medikhad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *