Вазири умури хориҷии Амрико дар маросими бозкушоии Дафтари ҷадиди рӯзномаи «Вашингтун пост» гуфтааст, ҳич кишваре наметавонад бидуни озодии матбуот иддаои бузургӣ кунад.
Рӯзи панҷшанбе Ҷон Керӣ ҳамроҳ бо Ҷонсон Ризоиён дар маросими бозкушоии дафтари ҷадиди рӯзномаи «Вашингтун пост» ширкат карда, гуфт, ки боз шудани ин дафтар бо ҳузури оқои Ҷонсон «беҳтар шуд».
Ҷонсон Ризоиён хабарнигори «Вашингтун пост» ҳангоми сафар ба Эрон аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва дар догоҳ ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико муҳокима шуд. Баъди тавлфуқи ҳастаӣ ва иҷрои шудани БАРҶОМ, санад умумие, ки миёни 5 кишвар ба иловаи 1 имзо шуда буд, озод гардид. Ӯ бар асоси табодули зиндониён озод шуд.
Амрико аз ҳамоиёни аслии озоди баён дар ҷаҳон буда, аз нақзи меъёрҳои озодии баён дар кишварҳои диктотурӣ ҳамеша интиқод мекунад.
http://www.pressa.tj/article/khech-kishvare-nametavonad-biduni-ozodii-matbuot-iddaoi-buzurgi-kunad