Шеваи ташкили нишаст: аз усули қишлоқӣ то демократӣ….

Мо оҳиста –оҳиста, ба ҷомеаи демократӣ наздик мешавем.  Шеваи қишлоқии роҳбариро ба шеваи нав-шеваи дипломатӣ иваз намуда, пешрафтҳо дорем. Ман инро аз чӣ фаҳмидам? Аз нишастҳои матбуотӣ! Чӣ гуна?

 

Рӯзноманигорони бузургсол хуб ёд доранд, ки панҷ-шаш сол пеш тарзи гузаронидани нишаcтҳои матбуотӣ чӣ гуна буд. Роҳбарони дар замони ҳукумати суп-сурхи шӯроӣ тарбияёфта  ва дар мактаби партиявӣ дарси маҷбуркунӣ омӯхта, дар доираи китобҳои Марксу Энгелсу Ленин бузург шудаву ҷуз ранги сурх, ранги дигареро надида, андешаҳои гуногунро тамғаи «душмани халқ» задаву кулак карда ба Сибир фиристодан, ё аз сафи ҳизб хориҷ карда, радди маърака кардан, якбора ба ҷомеаи демократӣ расиданд. Ҷомеае, ки ҳадди ақал журналистон ва матбуоти озодандеш дошт. (Ҳозир мутаассифона, чунин журналистон нестанд ва чунин матбуот ҳам вонамехӯрад). Ана ҳамин гуна роҳбарон журналистонро ба марбуту ломарбут, худиву бегона ҷудо карда, дарҳоро ба «ломарбутҳо» ва «бегонаҳо» мебастанд ва аз нишастҳояшон меронданд, ё умуман роҳ намедоданд. Мавзӯи нишастҳо ҳам ҳисоботи раис буд, саволҳо ҳам дар доираи ҳисобот буд. Тфу…тфу чашм нарасад! Ҳозир чӣ? Ҳозир нишастҳои матбуотӣ нағз мегузаранд. Махсусан ҳамин сол. Маълум ки роҳбарони мо ҳам оҳиста-оҳиста ба дунёи нав ва шароити нав мутобиқ шуда истодаанд.  Ҳатто роҳбарон суханҳоеро ҳам гуфтанд, ки бояд намегуфтанд, ё аниқтараш пештар ҷуръат намекарданд. Як роҳбар мегӯяд, ки “мо риши ин қадарро тарошидем”, баъдтар  шарҳ медиҳад, ки “зарари ришро фаҳмондем”.  Роҳбарон, ҳатто аз якдигар шикоят карданд, якдигарро дар ҳузури рӯзноманигорон «ғайбат» намуданд. Рӯзноманигорон «ғайбатҳои» онҳоро ба ҳамдигар расониданду боз бар зидди аввалиҳо «ғайбат» гирифтанд. Раисону кабирон ба ҳамаи суолҳои рӯзноманигорон, ҷавоб ҳам гуфтанд. (Қонеъкунанда ё не, аммо факт он аст ки ба ҳама суолҳо ҷавоб гуфтанд.) Ин албатта дилхушкунанда аст, аммо… Аммо роҳбарони мо доимӣ чунин мемонанд? Доим рӯзноманигоронро қабул карда, ба саволҳояшон ҷавоб медиҳанд? Ё мо бояд роҳбаронро  барои шаш моҳи дигар фаромӯш кунем? Шаш моҳи дигар дари вазоратҳо ба рӯямон баставу муҳтавои асосии маводамон «мақомот дар ин бора иттилоъ надод» хоҳад буд? Ман намедонам! Шумо чӣ?

 

http://www.pressa.tj/article/shevai-tashkili-nishast-az-usuli-kishloki-demokrati

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *