Одиназода: Маркази ягонаи коммуникатсионӣ хилофи қонун нест

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иброз доштанд, таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ хилофи қонунгузориҳои ин ниҳод нест.

Ноиби раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ҳадаф аз дар дохили «Тоҷиктелеком» ташкил намудани Маркази ягонаи коммутатсионӣ ин монополия набуда, барои таъмини амният аст.

Ӯ гӯфт, мо аз болои хизматрасониҳои ин марказ назорат мекунем, то ба ягон субъекти бозор афзалият дода нашавад.

Ин нутқи масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки 10 сол қабл онҳо хилофи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ баромада буданд.

Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо намуд, ки тибқи он минбаъд мухобироти мобилию интернетӣ дар кишвар тариқи маркази ягонаи комутатории «Тоҷиктелеком» бояд гузаранд. Ҳадаф аз таъсиси чунин марказро ҳукумат назорат ва танзими воридоту содироти хизматрасониҳои байналмиллалии алоқаи барқӣ ва интернет унвон намудааст.

Аммо , бархеҳо таъсиси чунин марказро дар Тоҷикистон хилофи қонунҳои амалкунундаи Тоҷикистон номида мегӯянд, ҳеҷ зарурати таъсиси чунин марказ дар кишвар вуҷуд надорад.

 

http://faraj.tj/news/12282-odinazoda-markazi-yagonai-kommunikatsion1251-hilofi-1179onun-nest.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *