Фардо, 27-уми моҳи равон шаҳрдории Душанбе нишасти матбуотиашро баргузор хоҳад кард.
Тавре аз Хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хабар доданд, соати 11:00 рӯзи 27-уми моҳи ҷорӣ дар конфронсзали КВД «Маркази равобти пойтахт» нишасти матуботии шаҳрдорӣ оид ба ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2015 доир хоҳад гашт.
Дар назар аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар нишаст ширкат варзад.
http://faraj.tj/news/12235-anons-ubaydulloev-posuh-meg1263yad.html