Нурмуҳаммадзода ба журналистон: Мардумро ба таҳлука наандозед!

Раиси Бонки миллии кишвар, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон муроҷиат карда гуфт, ки барои навиштани матлаб дар бораи иқтисодиёт саҳлангорӣ накунанд ва хубтар таҳлил кунанд.

Ҷаноби Нурмуҳаммадзода аз журналистон даъват ба амал овард, ки пеш аз навиштани мавод дар бораи иқтисодиёт бо мутахассисон сӯҳбат карда таҳлили хуберо ба сомон расонанд, зеро барои рушди иқтисодиёт ВАО нақши намоён дорад.

Ӯ хамчунин журналистонро даъват кард, ки бо Хадамоти матбуотии ниҳодаш ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Ҷаноби Нурмуҳаммадзода таъкид кард, ки рӯзноманигорон пеш аз он, ки дар бораи қурби асъор ё дигар масоили иқтисодӣ мавод навистан бо мутахассисон сӯҳбат кунанд.

-Дирӯз дар расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки як линча орд 200 сомонӣ ва як кило гӯшт 31 сомонӣ аст. Ба бозор равед, нархҳор бинед. Мардумро ба таҳлука наандозед, — ба журналистон муроҷиат карда гуфт, раиси Бонки миллӣ.

Ў дар зимн ба кормандонаш супориш дод, то ба бозорҳо рафта вазъро хубтар таҳлил намоянд.

 

http://faraj.tj/news/12232-nurmu1203ammadzoda-ba-zhurnaliston-bo-mo-1203amkor1251-kuned.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *