Мушкили молӣ боис ба қатъи муваққатӣ дар нашри “ИмрӯзNews” шудааст

Мушкили молӣ, қарздор будани рекламадиҳандаҳо ба идораи нашрия боис ба қатъи муваққатии нашри ягона рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон – “ИмрӯзNews” шудааст.

Муним Оламов, директори генералии ҶСК “ИмрӯзNews” дар суҳбат бо TojNews гуфт, дар пайи буҳрони молӣ ва кашолкории қарздорон барои пардохти маблағи нашрия чандест, ки ягона рӯзномаи мустақил дар кишвар аз нашр бозмондааст.

Ин масъули нашрия мегӯяд, ки дар садади рафъи ҳарчӣ зудтари мушкил мебошанд, интизор меравад, ки нашри рӯзнома то интиҳои ҳафтаи оняда аз сар гирифта шавад. Нашрияи “ИмрӯзNews” аз оғози соли равон инҷониб нашр намешавад.

“ИмрӯзNews” аз нашрияҳои пурхонанда дар Тоҷикистон мебошад, ки аз интиҳои августи соли 2010 инҷониб нашр мешавад. Дар як ҳафта панҷ шумора ба табъ мерасонд. Ин ягона нашрияе дар Тоҷикистон нест, ки дар пайи буҳрони молӣ аз нашр бозмондааст. Нашрияи “Вечерний Душанбе” низ қаблан аз чоп бозмонда буд.

Дар сурати қатъи фаъолияти “ИмрӯзNews” чандин тан аз кормандони ин нашрия ба сафи бекорон хоҳанд пайваст.

Нашрияи мазкурро марбут ширкатҳои Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси президент медонанд, ки гуруҳи молии қавиеро дар кишвар роҳбарӣ мекунад.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/mushkili-moli-bois-ba-kati-muvakkati-dar-nashri-imruznews-shudaast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *