16-уми январ Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки ба қавле қишри демократитарини ҷомеаро ҷамъ овардааст, баргузор шуд. Оё гуфтан мумкин буд, ки ин ҷамъомад аз худ демократияи зиёд дошт?
Нашрияи 80-сола бе мизу курсӣ
Субҳи 16-уми январ назди бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ё ба қавли маъруф ГЖК аз ҳар вақти дигар пуриздиҳомтар буд. Ҳатто мошинҳои зиёд. Ду тарафи роҳ ҳар касе куҷое хостааст, мошин мондааст. Ин ҳам сабаб доштааст:
Нахустин чизе, ки баробари наздик шудан ба бино ба чашм мерасид, лавҳаи бузурге бо ранги сурх буд. Аҷиб буд, ки лавҳа рабте ба Анҷуман надошт. Бо ҳарфҳои бузургу хоно навишта будаанд, ки «80-солагии «Ҳақиқати Ховалинг». Дар ин лавҳа, ки шояд 1,5 метр бару 10-15 метр дарозӣ дошт. Дар он аксҳои кормандони имрӯзу собиқи нашрияро ҷой додаанд. Дар миёнашон шахсиятҳои шинохтаи матбуотро дидан мумкин буд. Касе пурсид: дар ин давраи буҳрон ба ҷои сохтани ин лавҳаи бузург маоши чанд корманди нашрияро пардохт мекарданд, беҳтар набуд? Шунидам дар Анҷуман исбот кард, ки суол беҷо набудааст. Вақте кадоме аз мушкилоти расонаҳои маҳаллӣ дар Хатлон сухан карда гуфт, ки дафтари нашрияи «Ҳақиқати Ховилинг» бо чанд коргар интернет чӣ, ҳатто мизу курсӣ надорад…
Роҳаткурсии баландболо
Бо намояндагӣ аз ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба унвонии ман даъватнома будааст. Даъватнома субҳи ҳамон рӯз ба дастам расид. Вақте ба назди дӯстонам ба қаҳвахона ворид шудам, як тан аз дӯстони ҳушманд суол кард, чаро бидуни либоси расмӣ? Гуфтам, ман ку раис шуданӣ нестам!? Ба даъватномаи дастам ишора кард. Дар даъватнома яке аз шартҳои ворид шудан ба толор бо либоси расмӣ будаасту инчунин ворид кардани телефони ҳамроҳ «қатъиян манъ аст». Он ҳам барои ман барин хабарнигор, ки ҷуз хабар навиштану акс бардоштан бо телефонам ҳадафи дигаре надорам…
Толори «Шарқи озод». Ду паҳлуи толорро суханони Президент Эмомалӣ Раҳмон, нишону акси Президент оро медиҳад. Дар минбар барои раёсати кории Анҷуман чанд курсии одӣ ва як роҳаткурсии баландболо дар миёнҷо гузошта шудааст. Мисли кабинетҳо.
Тибқи барнома Анҷуман соати 10:00 бояд оғоз шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Журналист Наҷмиддин Шоҳинбод, аз дастандаркорони тадорукот соати 9:57 эълон дошт: «Муҳтарам вакилон ҷойҳоятонро ишғол кунед. Телефонҳои мобилиатонро хомӯш кунед!» (Ин таъкидро аз хотир набароред, ҳоло даркор мешавад).
Оғози Анҷуман
Қаблан гуфта мешуд, ки дар Анҷуман Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент низ ширкат хоҳад кард. Эҳтимол мекардам, ки шояд роҳаткурсии баландболо барои эшон аст, аммо ин содагие беш набаромад. Анҷуман оғоз шуд. Дар минбари корӣ Ёқуб Исмоилзода, ки баъди марги бузургмард Акбари Саттор иҷрокунандаи раиси ИЖ буд, бо Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷой гирифтанд. Ёқуб Исмоилзода дар роҳаткурсӣ нишаст. Ӯ ташкилкунанда ва раисикунандаи Анҷуман буд.
Ба гуфтаи раис, дар Анҷуман аз 175 вакил 168 вакил ширкат доранд. Аксарияти кулли вакилон аз расонаҳои ҳукуматӣ ва чеҳраҳои ноошно буданд. Ҳамин тавр бо садо додани гимн Анҷуман оғоз мешавад.
Барои гиромидошти поси хотири беш аз 70 нафар аъзои ИЖ, ки ки дар панҷ соли охир фавтидаанд, ровии хушсадо Хуҷамқулов як-як номҳояшонро мехонаду дар интиҳо исми онҳоеро, ки фаромуш шуданд, аз толор ном бурда мешаванд.
Ҳамин тавр 9 нафар ба унвони аъзои раёсати корӣ пешниҳод мешавад, ки бо ҷонибдории якдилона қабул гардиданд. Дар ду ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода масъулини матбуотии ҳукумати вилояту минтақаҳо қарор мегиранд. Онҳое, ки дар минбаранд, ягон нафарашон айни замон журналисти амалӣ нестанд, ба истиснои Наҳтутӣ Алиева, сармуҳаррири «Мавҷи Хингоб», нашрияи ноҳияи Тавилдара. Хотираам фиреб надиҳад, ин нафаронро Бахтовар Каримов, сармуҳаррири ҷавони «Ҷавонони Тоҷикистон» пешниҳод карда буд.
Боз аз ҷониби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» котибот дар ҳайати се нафар пешниҳод мешавад, ки бидуни баҳс пазируфта мешаванд. Комиссияи мандатиро аз «Зан ва мард» пешниҳод мекунанд. Ҳамагӣ се номро аз рӯи варақ мехонанд. Заъфи хотира ё эҳтиёт аз берун нашудан аз сенария…
Дар қатори аҳли раёсати корӣ аз вазири фарҳанг низ ном бурда шуд, ки мавсуф ҳузур надоштанд. Ёқуб Исмоилзода ба ҷои вазир Давлат Сафар, раҳбари раёсати вазоратро ба минбар хонд. Ҳайат пурра шуд.
1 соат барои ҳисоботи Раис
Ёқуб Исмоилзода барои суханронии ҳисоботӣ як соат ва барои музокирачиҳо панҷ дақиқаӣ вақт хост. Толор норизоӣ нишон дод. Раиси ҳамоиш талаби толорро нодида гирифт. Албатта, баъдтар маълум шуд, ки раис таҷрибаи суханронӣ надоштанашонро ба инобат нагирифтааст. Раис ҳисоботро оғоз мекунад. Ҳисобот бо назардошти ҳама арқому рақамҳо. Аммо танҳо як чиз дар хотирам нақш баст. «Дар 5 соли охир 67 нафар журналист фавтиданд, ки 21 нафарашон ба соли 2015 рост меояд. Мутаассифона, 91 фоизи марги онҳо дар натиҷаи мушкилоти иҷтимоӣ ва камбизоатӣ рух задааст»… Дигар чи ҳам дар хотир гирифта мешавад, ба ҷуз ҳамин нукта, ки баёнгӯи вазъи қаламкашҳо буд…
Маърӯзачӣ зимни суханронӣ гоҳо нафасгир ҳам мешуд… чоряки соат нагузшта буд, ки садояш хаставу паст шуд. Аҳли толорро бар замми сардӣ хастагӣ низ азият медод. Дар толори хунук аксарият бо либоси гарми зимистона ва каллапӯш менишастанд. Ранги асосии либос дар толор сиёҳ буд. Дар ин ҳангом ба назди аҳли минбар дар ду чойник чой оварда, ба назди Ато Ҳамдам ва Илҳом Ҷамолиён гузоштанд. Дар сардии толор барои чой нӯшидан ба он посух додан зарур меомад, то охири ҷаласа касе ба ин чойникҳо даст дароз ҳам накард.
Суханронӣ соати 11 ба итмом расид. Раис ҳам ба фикрам эҳсос кард, ки хеле зиёд сухан кард, зуд минбарро тарк карданӣ шуд, ки садое баланд шуд, шояд вакилон суоле доранд? Раис дили нохоҳам ба пас баргашту касе ҳам суол надод.
Берун аз сенария
Нахустин шуда аз вакилони Анҷуман Ҷовиди Аштӣ барои музокирот иҷозат пурсида, ба назди балангӯяк ҳозир шуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода ӯро пушти минбар даъват кард. Ӯ дар бораи пардохти ҳаққулузвият ва аъзогӣ сухан намуд. Бону Гули Зард аз ҷояш баланд шуд. Ба гуфте толорро такон дод. Бо муроҷиат ба ёрдамчии Президент аз рӯйхати 14 журналисте ҳарф зад, ки аз нодорӣ ранҷ мекашанду ҳатто се нафрашон қасд ба худкӯшӣ доранд. Толибшоҳи Саидзод ба минбар баромад. Бо садои омирона Абдуҷаббор Раҳмонзодаро сифат карда, пешниҳод кард, ки давлат нашрияҳои мустақилро дастгирӣ кунад. Асари директори мактаб кор карданаш маълум шуд.
Аммо суханронии Шарифи Ҳамдампур толори сардро ба ҷумбиш овард. То баргузории Анҷуман дар маҳофили журналистӣ аз Шарифи Ҳамдампур чун номзади эҳтимолӣ ба мақоми раиси ИЖ ҳарф мезаданд. Албатта, раис шуданашро баъид медонистанд. Шарифи Ҳамдампур бо оҳанги шикоят ва интиқод суҳбаташро оғоз кард. Тавре худаш гуфт, ҳузури Раҳмонзода ӯро водор ба сухан кардан кардааст. Гуфт: «Аз рӯи ҳисобот дар ИЖ кор ҳаст. Аммо ман мавҷудияти иттифоқро ҳис намекунам». Пештози матбуоти тоҷик гуфт, ки низоми интихоби вакилон нодуруст аст… дар толор ҳама чеҳраҳои расонаҳои давлатӣ гӯё иттифоқи журналистони давлатӣ бошад… Бо ҳимоят аз расонаҳои мустақил Ҳамдампур гуфт, ки ягон расонаи мустақил зидди андешаву ғояҳои миллӣ чизе нанавиштааст… Дар бораи раиси оянда суол кард, ки «ҳар касро монанд кор карда метавонад, оё ҳамаро муттаҳид карда метавонад?». Пешниҳод кард, ки муҳлати 5-солаи раисӣ низ бозбинӣ шавад.
Ёқуб Исмоилзода сукуташро шикаст. Дар посух ба гуфтаҳои Шарифи Ҳамдампур гуфт, ки «ҳамаи маълумотро дар чаҳор моҳ ҷамъ кардам». Яъне дар даврони иҷрокунандаи раис буданаш. Ӯ ба қавле бо миннат кафиданӣ буд, ки Умари Шерхон риштаро кашид: «акнун ҷойи гап нест.» Посуху дарангии Исмоилзода ҳамроҳ бо талотуме дар толор буд. Дар ин миён садои гӯшхароши телефоне низ баланд шуд, ки дер боз соҳибаш пайдо карда натавонист.
Раис Анҷуманро ба даст мегирад
Баъди суханронии Ҳамдампур раисикунанда хуб эҳсос кард, ки агар чунин идома ёбад, идораи Анҷуман аз ихтиёр берун мешавад. Зуд эълон дошт, ки чанд нафарро пешакӣ бо телефон огоҳ карда будаасту бояд ба онҳо сухан диҳем. Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият», Хуршед Ниёзов, собиқ сармуҳаррири «Фараж», Илҳоми Ҷамолиён, аз вилояти Суғд тибқи рӯйхати раис сухан мекунанд. Навбат ба Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ аз Кӯлоб расид. Ӯ эълон кард, ки суханронии кӯтоҳе аз рӯи варақ хоҳад дошт. Аммо маълум шуд, ки кӯтоҳ набудааст… Ӯ низ аз мушкилоти миллӣ ҳарф зада, аз Кӯлоб дур нарафт…
Хуршеди Атовулло низ баҳси кам кардани муҳлати раисӣ дар ИЖ-ро ба миён гузошт. Аммо на раиси куҳнаву на раиси нав ҳозир нашуданд, ки ин масъаларо ҳатто баррасӣ кунанд. Маълум шуд, ки ба ҳукумат раис барои панҷ сол зарур будааст.
Интихоби раис ва интригаи Сайёфи Мизроб
Тибқи рӯзномаи Анҷуман бояд раиси нав интихоб карда шавад. Ҳуриниссо Ализода, хабарнигор аз «Минбари халқ» номзадии Зинатулло Исмоилзода, раҳбари Академияи ВАО-ро пешниҳод кард. Ҷонибдор ҳам пайдо шуд: Кароматуллоҳи Аҳмад. Журналист Мухтор Боқизода номзадии Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири «СССР»-ро лоиқ донист. Аҳмади Иброҳим аз Кӯлоб номзадии Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва Мӯсо Асозода номзадии Ёқуб Исмоилзодаро пешниҳод карданд. Садо аз охири толор: номзадии Гули Зард! Раисикунанда пурсид, ки шумо кӣ? Посух омад: Ман Абдуҷаббор Ғаффоров, аъзои ИЖ. Садо аз толор баланд шуд: Марди Худо. Баъдтар фаҳмидам, ки яке аз 14 нафар дар рӯйхати Гули Зард ҳамин кас будаанд.
Раис бо хурсандӣ нидо даровард, ки «ана номзадҳои алтернатив ҳам пайдо шуданд. Дар мо демократия аст». Гули Зард, Ёқуб Исмоилзода ва Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ номзадиашонро пас гирифтанд. Вале Сайёфи Мизроб ба сухан баромад. Ҳар ҷумлаи ӯ чунин оғоз мешуд: «Агар ман раис шавам…» Ин вазъ толорро ҳам зинда кард. Раисикунандаи маҷлис гӯё ҷои худро гум карда буд, асабонӣ гоҳ –гоҳ қоғази гумшудаеро мекофт. Дар рӯ ба рӯи Сайёфи Мизроб аккосону наворбардорон қатор шуданд. Ӯ мегуфт, агар раис интихоб шавам, барои қабули аъзои нав низоми сангин ҷорӣ мекунам. Ҳар аъзои нав бояд 7 сол таҷрибаи корӣ ва 100 мақола навишта бошад…
Дар интиҳои суханрониаш эълон кард, ки «ҷойгузини бародарам шуданӣ нестам!». Толор бо кафкӯбӣ ӯро гусел кард. Аммо раисикунандаи маҷлис ҳатто напурсид, ки номзадиатонро пас гирифтед ё на? Яқин агар чунин суол мешуд, шояд интригаи дигареро аз Сайёф шоҳид мегаштем…
Номзади ҳукумат якдилона пазируфта шуд. Сару садоҳо дар бораи аз шаҳру навоҳи тобеъи марказ интихоб шудани Раиси ИЖТ исбот шуд.
Демократитарин суханронӣ
Абдуҷаббор Раҳмонзода ба минбар баромад. Бидуни варақ сухан мекард. Маълум буд, ки ҳар як сухани садододаро гӯш карда, ба ҳар яке посухе ҳам медод. Ҳудуди 12 пешниҳодро бо номбар кардани 1,2,3 … ироа дошт. Бо шинохти ҳукуматии мушкилоти мавҷуда ва то ҷое ҳам дилсӯзона.
Аммо хулосаи ман, ки як журналисти тахасусиам, аз ин Анҷуман чист? Дар ин Анҷуман ҳарфе аз оддитарин мушкилоти воқеъии кори хабарнигорӣ дар миён набуд. Касе аз мушкили дастрасӣ ба иттилоот, масдудияти сайтҳо, аз 10 то 50 % кам шудани чойҳои корӣ дар расонаҳои мустақил, то 30-40 % кам шудани музди меҳнат, хатари басташавии расонаҳои чопии мустақил ҳарфе нагуфт …
Танҳо Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳарфҳояшу рафтораш нишон дод, ки ҳамчун як чиновники радаи болои давлати Эмомалӣ Раҳмон демократитар аз иштирокчиёни ин анҷуман будааст. Анҷумане, ки дар майдони худ бо қоидаҳои навиштаи дигарон фаъолият мекунад.