“Акбари бузург” – ёддошту хотирот дар бораи Акбари Саттор

Маҷмӯаи мақолаву ёддоштҳои дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбаралӣ Сатторов таҳти унвони “Акбари бузург” нашр шуд.

Китоби мазкур ба муносибати Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистон, ки 16-уми январ баргузор шуд, ба нашр расидааст.  Китоб бо дастгирии Ёқуб Исмоилзода, директори нашриёти “Шарқи озод” ва зери таҳрири журналист Сайёфи Мизроб ва адиб Умари Шерхон рӯи нашр омадааст.

Дар ин китоб дӯстон, ҳамсабақону ҳампешагон ва ҳамкорони Акбаралӣ Сатторов хотироти худро навиштаанд. Китоб бо навиштаи Ёқуб Исмоилзода шуруъ мешавад. Инчунин, дар он навиштаҳои Сайёфи Мизроб, Раҷаби Мирзо, Мирзои Салимпур, Маҳмадуллои Мақсадуллоҳ, Нозирҷон Ёдгорӣ, Умари Шерхон, Ҷумъа Қуддус ва ғайра нашр шудааст. Ҳамагӣ аз Акбаралӣ Сатторов чун чеҳраи муассир дар матбуоти тоҷик, аз эҳёкунандагони матбуоти мустақил дар замони истиқлол, нафари саховатманду дасткушод ва болотар аз ин “вазири журналистон” ном бурдаанд. Дар интиҳои китоб манзумаҳо дар суги Акбаралӣ Сатторов ҷой дода шудааст.

Акбаралӣ Сатторов 28-уми августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт. Ӯ аз соли 2005 инҷониб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/akbari-buzurg-yoddoshtu-hotirot-dar-borai-akbari-sattor

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *