Интихоби Исмоилзода, интиқоди Ҳамдампур ва супориши Раҳмонзода дар барои дафтари иттифоқ

Зинатулло Исмоилзода дар анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ҳайси раҳбар интихоб шуд.

Имрӯз, 16 январ анҷумани 19 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор шуд  ва вакилон Зинатулло Исмоилзодаро, ки ҳоло раҳбарии телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон ва директори Академияи васоити ахбори оммаро ба дӯш дорад, ба ҳайси раҳбари нави Иттифоқи журналистон интихоб карданд.

Дар аввал аз ҷониби вакилон панҷ нафар-Сайёфи Мизроб, Суҳроби Фаррухшо, Ёқуб Исмоилзода, Гули Зард ва Зинатулло Исмоилзода ба ҳайси номзад пешниҳод шуданд, ки ба ҷуз Зинатулло Исмоилзода дигар ҳама номзадии худро пас гирифтанд. Ҳамин тавр баъди интихоби раҳбари нав, 23 нафар ба мақоми узви раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби вакилон пазируфта шуданд.

Шариф Ҳамдампур, муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз шеваи фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интиқод карда гуфт, ин иттиҳод вуҷуд надорад ва ман фаъолияташро намебинам. Ӯ гуфт, ба роҳбарии ин иттиҳодия бояд шахсе биёяд, ки тамоми журналистонро дар атрофи худ муттаҳид карда тавонад ва обруи ин ниҳоди журналистиро дар дохил ва хориҷи кишвар боло бибарад:»Агар аз рӯи маърӯзаи кардашуда қазоват кунем, Иттифоқи журналистон беҳтарин аст, аммо дар воқеият ин тавр нест,  ман комилан будани ин иттиҳодро дарк намекунам ва чунин ба назар мерасад, ки ин иттиҳод вуҷуд надорад… Раисони ин иттиҳод мехоҳанд якумра раис боқӣ монанд. Ман пешниҳод мекунам, ки раиси иттиҳод то ду сол интихоб карда шавад». Ҳамчунин Шариф Ҳамдампур аз шеваи даъвати анҷуман интиқод карда, гуфт, ки анҷуманҳои иттиофоқ тарзе баргузор мешавад, ки гӯё он иттифоқи журналистони давлатӣ бошад: «“Дар идораи мо беш аз 30 хабарнигорон фаъолият доранд, дар як ҳафта мо беш аз ним миллион мухотаб дорем. Аммо моро танҳо дирӯз аз баргузории ин анҷуман огоҳ карданд, ки мо натавонистем ҷаласаи ячейкаи ибтидоиро гузаронем ва вакилонамонро ба ин анҷуман пешниҳод кунем. Магар дар рӯзҳои сахтарин ҳамин расонаҳои ғайридавлатӣ набуданд, ки дар канори давлатӣ қарор гирифтанд? Чаро нисбати мо чунин муносибат сурат мегирад?”.

Зинатулло Исмоилзода пас аз интихоб шудан ба ҳайси раҳбари нави Иттифиқи журналистони Тоҷикистон гуфт, ки кори худро аз тоза кардани сафи аъзоёни тасодуфӣ дар ниҳоди мазкур оғоз мекунад.

Оқои Исмоилзода дар замоне ин суханонро гуфт, ки бархе аъзоёни иттифоқ, аз ҷумла Мухтор Боқизода пешниҳод намуданд, ки шеваи қабул ба узвият дар оинома мушаххас шавад, то пеши роҳи одамони тасодуфӣ  гирифта шавад. Дар идома Сайёфи Мизроб, муассиси «СССР» пешниҳод кард, ки барои қабули аъзо ба сафи иттиҳодия бояд 7 сол муҳлат таъйин кард ва ҳар журналисте, ки даъвои узвият мекунад, на камтар аз сад мақола дар расонаҳо чоп карда бошад.

Ин пешниҳодҳо ба назар гирифта нашуд, вале Исмоилзода гуфт, ки шеваи қабули аъзо дар оинома нишон дода шудааст ва ба қабули одамони тасодуфӣ роҳ нахоҳад дод.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки дар ин анҷуман ширкат дошт, гуфт роҳбари нави иттифоқ барои боз кардани Дафтари ин ниҳоди журналистӣ иқдом кунад ва Дафтари иттиофу ба руи ҳама журналистон боз бошад. Оқои Раҳмонзода мушкилоти рӯзноманигоронро ба раисиҷумҳур мерасонад ва дар шароити буҳрони молиявӣ масъалаи ҷудо кардани бурсияро дар дастгоҳ  матраҳ хоҳад кард. Ҳамчунин ӯ, дастур дод, ки роҳбари нави иттифоқ  бояд одамони тасодуфиро сафи аъзоёни иттифоқ тоза кунад.

http://www.pressa.tj/article/intihobi-ismoilzoda-intikodi-khamdampur-va-suporishi-rakhmonzoda-dar-baroi-daftari-ittifok

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *