Имрӯз зимни Анҷумани Иттифоқи журналистони кишвар Зиннатулло Исмоилзола раиси нави он таъин гардид.
Аз ҷониби ҳайати вакилони Анҷуман чор нафар номзадҳо барои интихоб шудани раиси Итифоқи журналистони ҶТ Зиннатулло Исмоилов, Сайёфи Мизроб, Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Гули Зард Ёқуб Исмоилзода пешниҳод карда шуданд, ки аз онҳо Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Гули Зард ва Ёқуб Исмоилзода аз пешниҳод даст кашиданд.
Дар натиҷаи овоздиҳии вакилон номзадҳои боқимонда Зинатулло Исмоилов бо гирифтани овози бештар раиси нави Иттифоқи журналистон интихоб шуд.
Ҷаноби Исмоилов пас аз соҳиби вазифа шудан сухан карда ба ҳамаи журналистон изҳори миннатдорӣ баён кард.
Ҳамчунин 23 нафар ба раёсати нави ИЖТ ворид карда шудаанд.
http://faraj.tj/news/12121-zinnatullo-ismoilov-raisi-navi-zhurnaliston-shud.html