Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ мухбири ҳафтаномаи шаҳри Кӯлоб зимни баромадаш дар Анҷумани журналистон пешниҳод кард, ки дар Кӯлоб телевизион ва радиои ҷамъиятӣ таъсис дода шавад.
Ӯ иддао кард, ки чаро дар ҳамаи минтақаҳо телевизион фаъолият мекунаду дар шаҳри Кӯлоб не. Ба андешаи ҷаноби Фаррухшоҳ аксарияти ҷавонони Кӯлобшаҳр аз сабаби набудани таблиғоти радиову телевизионӣ ба сафи гурӯҳҳои ифротгароӣ пайвастаанд.
— Бештари ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба сафи ДИИШ пайвастаннад ва сабаби набудани радио ва ТВ дар шаҳри Кӯлоб мо онҳоро таблиғ карда наметавонем, -афзуд журналист.
Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ хабарнигори ҳафтаномаи «СССР» дар Кӯлоб мебошад.