Ҳамдампур: Ба назарам Иттифоқи журналистон вуҷуд надорад

Шарифи Ҳамдампур, муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар ҷараёни Анҷумани 14 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз ин иттифоқ интиқод кард.

-Агар аз рӯи маърӯзаи кардашуда қазоват кунем, Иттифоқи журналистон беҳтарин аст, вале ман будан ин иттиҳодро дарк намекунам ва чунин ба назар мерасад, ки ин иттиҳод вуҷуд надорад, — афзуд Ҳамдампур.

Ҳамзамон ӯ гуфт, ки раиси иттифоқ бояд шахсе интихоб шавад, ки онро ҳамагон эътироф кунанд: «Раисони ин иттиҳод мехоҳанд якумра раис боқӣ монанд. Ман пешниҳод мекунам, ки раиси иттиҳод то ду сол интихоб карда шавад».Аммо бар хилофи гуфтаҳои Ҳамдампур, Ёқуб Исмоилзода, иҷрокунандаи раиси Иттифоқи журналистии Тоҷикистон чунин посух дод:»он шахсе бояд интиқод кунад, худ саҳме дар ин самт дошта бошад»

 

http://faraj.tj/news/12119-1202amdampur-ba-nazaram-ittifo1179i-zhurnaliston-vu1207ud-nadorad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *