Пирзода интиқоди Салимзодаро инкор кард

Маҳмадсаид Пирзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар зимни нишасти хабарӣ интиқоди Нусратулло Салимзода, Вазири тандурустиро дар мавриди «пулгирӣ» -и телевизионҳо инкор кард.

Ҷаноби Пирзода афзуд, ки ӯ ин гуфтаҳои Салимзодаро пурра инкор мекунад: «Вазири тандурустӣ одами мефаҳмидагӣ аст, аз худаш боз як бори дигар пурсед. Вай худаш савол дод, боз худаш ҷавоб дод».

Бояд гуфт, ки дирӯз Нусратулло Салимзода, Вазири тандурустии кишвар зимни нишасти хабарӣ ба шикояти хабарнигори ТВ «Сафина» дар бораи он, ки натавонистааст дар ин Вазорат аз касе дар мазӯи Паём назар бигирад, чунин бархӯрд карда буд: «Бе пул ягончӣ гап намезанед».

-Духтурони зиёд бехабар аз мо ба телевизион мераванд, чӣ гапҳоеро ки намегуянд. Ин ба шаъни мо мерасад ва дигар духтурҳо норозӣ мешавад”, интиқод карда буд, Нусратулло Салимзода.

 

http://faraj.tj/main/12094-pirzod-inti1179odi-salimzodaro-inkor-kard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *