Вазири тандурустии Тоҷикистон аз тамаъҷуии кормандони телевизионҳои давлатӣ интиқод карда мегӯяд, “бепул ягон чӣ гап намезананд”.
Нусратулло Салимзода, вазири танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли хабарнигори Телевизиони “Сафина” пул талаб карданро “як тарафи кори телевизионҳо” арзёбӣ кард.
Дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ вақте хабарнигори телевизиони “Сафина” аз он шикоят кард, ки дар ин Вазорат натавонист аз касе дар мавзӯи Паём назар бигирад, Нусратулло Салимзода якбора ба ӯ ҳамлаи лафзӣ карда гуфт, “бепул ягон чӣ гап намезанед.”
Ба гуфтаи Вазири тандурустӣ, “имрӯз духтурони зиёде бо пардохти маблағ дар телевизион худро реклама мекунанд. Мардумро ҳам бояд фикр кунем чун духтурро духтур баҳо дода метавонад.”
-Духтурони зиёд бехабар аз мо ба телевизион мераванд, чӣ гапҳоеро ки намегуянд. Ин ба шаъни мо мерасад ва дигар духтурҳо норозӣ мешавад”,-таъкид кард Нусратулло Салимзода.
Салимов ҳамкории ниҳоди зертобеаш бо телевизионҳоро қаноатбахш арзёбӣ карда илова кард, ки бояд масъулин барои сӯҳбат бо расонаҳо аз роҳбарашон иҷозат бигиранд. Зеро “ҳар ҷо ки роҳбар набошад онҷо хаос мешавад.”