Раҳбарияти ТВ «Сафина» мегӯянд, ки ислоҳи вожаи «уребча» ба масъулияти онҳо намедарояд ва бигзор Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар онро ислоҳ намоянд.
Зевар Давлатзода, роҳбари Телевизиони «Сафина» имрӯз зимни нишаст ба суоли хабарнигорон, ки вақтҳои охир тариқи ин шабака бештар «уребча» ё худ ба истилоҳи русӣ «памперс» -ро аз ширкати»Royal Baby» таблиғ мекунанд, оё намешавад, ки ягон калимаи тоҷикиро истифода бубаранд, хонум Давлатзода дар ҷавоб гуфтааст, ки вожаи «уребча» -ро рекламадиҳанда пешниҳод кардааст ва онҳо вазифадор нестанд, ки онро ислоҳ кунанд: «Бигзор рекламадиҳанда бо Кумитаи забон ҳамкорӣ кунанду «уребча» -ро ислоҳ намоянд».
Ин дар ҳолест, ки масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот зимни як нишаст гуфта буданд, ки барои ислоҳи вожаи «уребча» ба онҳо касе муроҷиат накардааст.
http://faraj.tj/news/12066-tv-safina-urebcha-ro-kumitai-zabon-islo1203-kunad.html