Ректори Донишгоҳии миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҳоло факултаи журналистика устодони хуб дорад ва ниёз ба ҳамкори бо Донишгоҳи Маскав нест.
Маҳмадюсуф Имомзода таъкид кард, ки ҳоло факултети журналистика устодон хуб дорад, аммо дар соҳаи илмҳои дақиқ мутахассисон каманд ва донишгоҳ квотаҳооро бештар ба ин соҳа ихтисос медиҳад. Ӯ гуфт » Аз сабаби он, ки имрӯз факултаи журналистикаи ДМТ устодони хуб дорад, мо бисёртар ба фанҳои дақиқ аҳамият медиҳем. Соли гузашта аз Русия 10 ҷойи буҷавӣ барои донишҷӯён омад, мо аз он 7 ҷояшро ба фанҳои дақиқ додем, зеро дар кишвар имрӯз мутахассисони ин соҳа кам ҳастанд».
Дар идома ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон афзуд, ки донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои хуб дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар соли ҷорӣ донишҷӯёну омӯзгорон 278 сафари хориҷӣ анҷом додаанд, ки ҳафтод дарсад аз соли гузашта бештар мебошад.
http://www.pressa.tj/article/imomzoda-etirof-kard-ki-zhurnalistika-ustodoni-hub-dorad