Бобо Бекмурод 64 –ум зодрӯзашро таҷлил накард

Имрӯз, 11 январ рӯзи мавлуди рӯзноманигори шинохта, корманди собиқи шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон Бобо Бекмурод аст.

Вале ҳамаи дӯстон, хешовандон ва ёру дӯстони Бобо Бекмурод, ба ҷойи он ки мавсуфро бо мавлуб табрик гӯянд, дар сӯгаш мегирянд ва фарзандонаш ҳамдадӣ баёр мекунанд. Зеро ҳамагӣ се рӯз пеш аз мавлуд, яъне 8-уми январ қалби Бобо Бекмурод дар синни 64-солагӣ аз задан бозмонд ва тарки ин дунёи бебақо кард. Ҷанозаи марҳум 9-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент ба хок супорида шуд.

Бобо Бекмурод рӯзноманигоре буд, ки солҳо дар радио ва телевизион кору фаъолият карда, аз худ хотироти неке боқӣ гузоштааст. Ӯ 11 январи соли 1952 дар деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1969 баъд аз хатми мактаби миёнаи рақами 18-и деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1974 онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти нахустини кории ӯ аз моҳи сентябри соли 1974 ба ҳайси муҳаррири барномаҳои ҷавонии телевизионии Тоҷикистон оғоз ёфта, худи ҳамон сол ба хизмати ҳарбии Артиши Шӯравӣ дар вилояти Витебски Ҷумҳурии Белоруссия ҷалб карда мешавад. Баъд аз адои хизмати Ватан аз феврали соли 1976 Бобо Бекмурод аз нав ба телевизон баргашта, ба сифати муҳаррири сиёсии телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, то соли 1980 дар ҳамин вазифа хизмат мекунад.

Бобо Бекмурод аз моҳи декабри соли 1980 то январи соли 1983 дар ҳайати Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дар вилоятҳои Фараҳ, Нимрӯз, Қандаҳор, Ҳирот ва Кобул фаъолият карда, аз моҳи декабри соли 1985 то соли 1989 бо гурӯҳи мушовирони Шӯравӣ дар вазорату идораҳои Афғонистон корро идома медиҳад ва ҳамчун тарҷумони муовини аввали раиси вазирони Ҷумҳурии Афғонистон чанд сол адои вазифа кардааст

Марҳум аз соли 1989 то соли 2009, яъне то бемор шуданашон мухбири шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон таъин шуда буд.

Бобо Бекмуродро ҳамкасбаонашон ҳамчун асосгузори барномаи машҳури «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон ном мебаранд.

Барои хизматҳои арзанда бо орденҳои Дӯстии халқҳо, Ситораи сурх, медалҳои Ҷасорат, Ташаккурнома аз халқи минатпазири афғон, Ифтихорномаи Шӯрои олии ИҶШС мукофотонида шудааст.

Хотираи неки Бобо Бекмурод дар дили ёру дӯстон, ҳамкорон ва мухлисони садои ғулғуладораш абадан боқӣ мемонад.

 

http://faraj.tj/news/12035-bobo-bekmurod-64-um-zodr1263zashro-ta1207lil-nakard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *