Даргузашти журналист Бобо Бегмурод дар синни 64-солагӣ

Журналист Бобо Бегмурод 8-уми январ дар деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент дунёро падруд гуфтааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, марзум аз бемории тӯлонӣ ранҷ мебурд. Бобо Бегмурод бештар дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ва радио кор мекард.

Ӯ 11-уми январи соли 1952 дар деҳаи Яккахонаи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1969 мактаби миёнаи рақами 18-и деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакентро хатм мекунад. Соли 1969 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омузгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1974 онро бо дипломи аъло хатм намудааст

Аз моҳи сентябри соли 1974 ба ҳайси муҳаррири барномаҳои ҷавонии телевизионии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳамон сол ба хизмати ҳарбии Артиши Шӯравӣ дар вилояти Витебски Ҷумҳурии Белоруссия ҷалб карда мешавад. Баъд аз адои хизмати Ватан аз феврали соли 1976 Бобо Бекмурод фаъолияташро дар телевизион идома медиҳад. То соли 1980 муҳаррири сиёсии телевизиони Тоҷикистон буд.

Бобо Бегмуродов аз моҳи декабри соли 1980 то январи соли 1983 дар ҳайати Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дар вилоятҳои Фараҳ, Нимрӯз, Қандаҳор, Ҳирот ва Кобул фаъолият карда,  аз моҳи декабри соли 1985 то соли 1989 бо гурӯҳи мушовирони Шӯравӣ дар вазорату идораҳои Афғонистон фаъолият карда, аз ҷумла, тарҷумони муовини аввали раиси вазирони Ҷумҳурии Афғонистон буданд.

Марҳум аз соли 1989 то соли 2009, яъне то бемор шуданашон мухбири телевизиони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон буд.

Бобо Бегмуродро ҳамкасбонашон инчунин ҳамчун асосгузори барномаи машҳури “Хоки Ватан” дар радиои Тоҷикистон ном мебаранд.

Дорандаи орденҳои “Дӯстии халқҳо”, “Ситораи сурх”, медалҳои “Ҷасорат”, “Сипоснома аз халқи минатпазири афғон”, Ифтихорномаи Шӯрои олии СССР мебошад.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/darguzashti-zhurnalist-bobo-begmurod-dar-sinni-64-solagi

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *