Бобо Бекмурод, собиқ хабарнигори Телевизиони тоҷик дар водии Зарафшон баъди бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт.
Дар ин бора пайвандони марҳум ба Faraj.tj хабар дода гуфтанд, ки номбурда шоми дирӯз дунёро падруд гуфтааст. Марҳумро соати 12-и имрӯз дар деҳаи Яккахонаи шаҳри Панҷакент ба хок супоридаанд.
Бобо Бекмурод яке аз собиқадори радио ва телевизиони тоҷик буда, як муддат дар матбуот низ фаъолият кардааст.
Ҳайати эҷодии Faraj.tj ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён карда, ба эшон сабри ҷамил мехоҳанд.
http://faraj.tj/news/12030-zhurnalist-bobo-bekmurod-az-olam-darguzasht.html