Тарҳи телевизионии «Настояшее Время» барномаи нави телевизиониеро бо номи «Осиёи марказӣ» ба роҳ андохтааст, ки он ба вижа ҳодисаҳои Осиёи марказио дар бар мегирад.
Барномаи мазкур босуръати тамосгири навъи «хабару тафреҳӣ» аст.
-Дар ин барномаи хабарнигории маъмулӣ бо нишонаҳои тафреҳиву омӯзишӣ ва фанновариҳои «расонаии нав» омезиш ёфтааст, — гуфтааст раҳбари ин тарҳ Кенан Алиев.
Хабарҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳодисаҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин хабарҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба минтақа аз мавзӯҳои асосии барномаи телевизионии «Осиёи Марказӣ» хоҳанд буд.
Мавзуи илм, маориф, санъат, таърих ва ҳаёти варзишгарони кишварҳои ин минтақа дар тарҳи мазкур мавқеи хоса хоҳанд дошт. Ин барномаи телевизиониро шабакаи хабарнигорон дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Москва, Брюссел, Лондон, Вашингтон, Ню-Йорк ва Пекин таҳия мекунанд. Дар ин дафтарҳо муҳаррирони ботаҷриба, коргардонҳо ва таҳиякунандаҳо, дизайнерҳо, хабарнигорон ва мутахассисони таҷҳизоти телевизионии рақамӣ гирдиҳам омадаанд. Ровии ин барнома барандаи саршиноси телевизионии Осиёи Марказӣ Динара Егеубаева (Аргин) мебошад.
Ин тарҳ дар моҳи сентябр ба иҷро даромад, аммо аллакай чанд шабакаи пешгоми телевизионии Осиёи Марказӣ шарики «Настояшее время» дар мавриди бозпахши барномаҳои ин расона шудаанд.
http://faraj.tj/news/12013-barnomai-mahsusi-nastoyashee-vremya-dar-borai-osiei-markaz1251.html