Санаи 22-юми январ, дар Меҳмонхонаи «Ҳайят реҷенси Душанбе» маросими бошукӯҳи тақдими диплом ба 50 нафари хушсалиқаи Душанбе баргузор мегардад.
Тавре аз Ширкати ТВ ва радиои «Ватан» хабар доданд, ин ширкат озмуни «ТОП-50 нафари хушсалиқаи Душанберо баргузор менамояд. Лоиҳаи «ТОП-50», аз ҷониби Радиои «Ватан» имсол панҷум маротиба супорида мешавад.
Бояд гуфт, ки ҷараёни интихоби номзадҳо давоми чанд моҳ идома дошт. Пешниҳоди номзадҳо тариқи радио, шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва сомонаи расмии ин ҷойиза www.top50.tj сурат гирифт. Имсол аз миёни зиёда аз 300 нафар, 50-нафари фарқкунанда интихоб гардида, соҳиби диплом мешаванд. Муассиси ҷойизаи ТОП-50 нафари хушсалиқаи шаҳри Душанбе Ширкати ТВ ва радиои «Ватан» аст. Шарикони расмии сомонаи www.tajikmama.tj ва меҳмонхонаи «Ҳайят реҷенси Душанбе», Сарпарастони расмии ҷойиза- Маҷмааи «Спа Ҳайёт» ва «Комбинати шири Душанбе», Сарпарастони чорабинӣ- «Абдулло медиа», «Шедевр» «Боржоми» ва «Висол ивентс» мебошанд.
Барои маълумоти пурра гирифтан бо рақами 987 24 00 90 дар тамос шавед!