Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе барои қабули лоиҳаҳо барои “Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия” барои соли 2016 озмун эълон мекунад.
Дар маълумоти намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки мақсад аз ин барнома дастгирӣ кардани лоиҳаҳо, ки барои рушди сохторҳои демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Қайд мешавад, ки грантҳо аксаран ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ (СҒҲ) ҷудо карда мешаванд.
«Маблағи грант набояд аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ зиёдтар бошад, аммо имтиёз ба он ташкилотҳое, ки лоиҳаҳои монандро бо маблағи камтар амалӣ мегардонанд, дода мешавад. Барои баррасии лоиҳа, довталабон бояд ҳатман дар бунёди ҷомеаи демократӣ саҳмгузор бошанд ва ё лоиҳаи пешниҳодшуда ба рушди он мусоидат кунад», — таъкид мешавад дар маълумоти сафорати ИМА.
Қобили зикр аст, ки Комиссияи рушди демократия аз соли 2001 то инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
http://news.tj/tj/news/grant-oi-ima-baroi-rushdi-demokratiya-dar-ikiston