Субҳи имрӯз, 31 декабр Гуландом Раҷабова, корманди нашрияи «Минбари Халқ» аз олам даргузаштааст.
Ӯ 34 сол дошта, хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Аз руи маълумоти расида, ҷанозаи мархум имрӯз, 31 декабр дар маҳаллаи Гипрозем баргузор мешавад.
http://www.pressa.tj/article/kormandi-minbari-halk-az-olam-darguzasht