Аз 11-уми январ нишастҳои хабарии вазорат ва идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
Бино ба гуфтаи масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент, нишастҳои хабарӣ 11-уми январ шуруъ шуда, то 9-уми феврал идома хоҳад ёфт.
Дар нишастҳои хабарӣ раҳбарони вазорату ниҳодҳои кишвар дар бораи фаъолияти яксолаашон ба хабарнигорон ҳисобот дода, ба суолҳои онҳо бояд посух диҳанд. Нишастҳои хабарӣ бо нишасти раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент, вазорати маориф ва илм ва раҳбари Шӯрои адлия оғоз мешавад.
Тибқи дастури Президент аз соли 2005 инҷониб раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ муваззафанд, ки дар назди хабарнигорон аз фаъолияташон ҳисобот диҳанд. Ибтидо ҳар семоҳа нишастҳои хабарӣ баргузор мешуд, ки аз соли 2011 инҷониб ҳар шашмоҳа нишастҳои хабарӣ баргузор мешавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/11-umi-yanvar-nishastkhoi-habarii-vaziron-ogoz-meshavad