Дар арафаи Соли нави мелодӣ дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон дигарбора имконпазир шуд.
Аз шаби 30-юм ба 31-уми декабр баъзе ширкатҳои интернетрасон масдудияти ворид шудан ба сомонаи Фейсбукро лағв карданд.
Истифодабарандагони интернет мегӯянд, аз шоми 30-юми декабр ворид шудан ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук имконпазир шудааст. Аммо ҳоло дастрасӣ ба видеопартали Ютюб ва шабакаи иҷтимоии Одноклассники бо бархе ширкатҳо ҳамоно ғайриимкон аст. Аз ҷумла ширкати “Вавилон” то ҳол онро боз накардааст.
Дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук 25-уми август дар Тоҷикистон масдуд шуда, 23-юми сентябр дубора боз шуд. Аммо дар аввалҳои моҳи октябр ширкатҳои интернетарсон дастрасӣ ба онро дубора маҳдуд карданд. Аз моҳи сентябр инҷониб дастрасӣ ба як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо масдуд аст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/dar-tochikiston-feysbuk-digarbora-dastras-shud