Омори рӯзноманигорне, ки дар соли 2015 кушта шудаанд, интишор шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон тайи соли равон 69 рӯзноманигор дар кишварҳои гуногун ба қатл расонида шудаанд, ки ин нисбати соли гузашта 13 нафар камтар аст.
Гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла гурӯҳи тундгарои «Давлати Исломӣ», сабаби қатли 28 нафар рӯзноманигор ҳисобида мешаванд. Бештари омори кушташудагон ба Сурия нисбат дода мешавад, ки 13 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Фаронса, ки дар ин сол шаҳиди ҳамлаи силоҳбадастон шуда буданд, ба идораи рӯзномаи Шарли Эбдо дар Париж буд, 9 нафар тавассути афроди вобаста ба ин гурӯҳ ба қатл расиданд. Дар Бразилия 6 нафар ва Яман, Ироқ, Бангладеш ва Судони Ҷанубӣ ҳар яке бо 5 рӯзноманигори кушташуда, Мексикаву Сомалӣ бошанд, бо 3 нафар дар қатори баъдӣ қарор дорад.
Ду рӯзноманигор дар Туркия ва ду рӯзноманигори дигар дар Амрико кушта шуданд. Ҳамзамон, дар кишварҳои Кения, Украина, Покистон, Колумбия, Либия, Лаҳистон, Гана, Ҳиндустон ва Гватемала чандин рӯзноманигорон кушта шуданд.
Қисмате аз ин рӯзноманигорон ҳангоми таҳияи гузориш ҷони худро дар низоъҳо аз даст додаанд, аммо дасти кам 28 нафари дигар пас аз таҳдидҳои ҷонӣ ба қатл расонида шудаанд.
http://faraj.tj/news/11916-dune1178atli-69-r1263znomanigor-dar-yak-sol.html