Китоби ёддошти ҳамкорон, дӯстон ва ҳамкорони Муродуллоҳ Шерализода бо номи «Ӯро як рӯз пеш аз маргаш куштанд» аз чоп баромад.
Муҳаррир ва мураттиби китоб Шариф Ҳамдампур дар сарсухани китоб менависад, ки «Гузашти вақт ғубори хотираҳоро пок месозад. Аз марги Муродуллоҳ Шерализода 23 сол сипарӣ шуд. Агар имрӯз ҳамроҳи мо мебуд, сари дастархони 70-солагиаш ҳама гирд меомадем. Афсӯс ки ин ифтихорро Худованд ба мо сазовор надид. Дар ин китоб хотирот аз равзанаи нигоҳи дӯстон, ҳамкорон ва наздикон ба фоҷеаи нангини охири қарни нуздаҳ ба сари мардуми тоҷик омада, ки боиси марги фарзандони фарзонаи миллат гардид, назар меандозем.»
Дар ин китоб хотираҳои Шариф Ҳамдампур, Холмурод Шарипов, Қироншоҳ Шарифзода, Мардони Муҳамамад, Кароматулло Олимов, Бахтиёр Муртазо, Абдурашид Қаҳҳоров, Умриқул Ҳақбердиев, Абдуҳалим Ғаффоров ва ғайра гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунони ашъори дар суги Муродуллоҳ Шерализода сурдаи шоироне чун Лоиқ, Камол Насрулло Дорои Дӯст ва ғайра ҷо дода шудааст.
Китоб дар нашриёти «Мега-принт» бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст.
http://www.pressa.tj/article/kitob-dar-borai-murodullokh-sheralizoda-az-chop-baromad