Анҷумани навбатии ИЖ: Интихоби ҷойгузини Акбари Саттор, тағйирот дар Оиннома…

Дар Анҷумани навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба оинномаи он тағйирот ворид карда, ҳайати нави раёсат интихоб хоҳад шуд.

Бино ба иттилои масъулини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 26-уми декабр маҷлиси Раёсати Иттифоқи журналистон баргузор шудааст, ки дар он санаи баргузории Анҷуманро муайян кардаанд.

Анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бояд 16-уми январи соли 2016 баргузор шавад. Дар назар аст, ки дар Анҷуман ҳисоби муовини якуми Раиси ИЖ Ёқуб Исмоилзода шунида шавад. Инчунин, комиссияи тафтишотӣ ҳисоб пешниҳод мекунад, гуфта мешавад, ба Оинномаи ИЖ тағйиру иловаҳо ворид хоҳанд кард. Аммо дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шарҳ надодаанд, ки ин тағйирот чиро дар бар хоҳад гирифт.

Раёсати ИЖ мукофотҳои нав таъсис додааст, ки дар Анҷуман бояд тасдиқ шаванд. Ба гуфтаи масъулини Иттифоқ аз ҷумла медалҳои ифтихорӣ “100-матбуот”, “Акбаралӣ Саттор” ва “Овози тоҷик” номгузорӣ шудааст.

Дар ҳамин Анҷуман ҳайати нави Раёсати Иттифоқи журналистон ва раиси он низ интихоб хоҳад шуд.

Анҷумани мазкур баъд аз марги журналист Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон баргузор мешавад. Журналист Акбари Саттор 28-уми августи соли равон дар синни 50 солагӣ вафот кард.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/anchumani-navbatii-izh-intihobi-choyguzini-akbari-sattor-tagyirot-dar-oinnoma

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *