Ровии маъруфи телевизиону радиои Тоҷикистон Бурҳон Раҳмон имрӯз дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Бурҳон Раҳмон қариб тӯли 60 соли ҳаёти худ ба сифати ровӣ (диктор) дар телевизиону радиои Тоҷикистон фаъолият дошт.
Марҳум соли 1934 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи педагогии Тоҷикистон аст. Аз соли 1957 ба фаъолият дар радиои Тоҷикистон шурӯъ намудааст.
Бурҳон Раҳмон Арбоби шоистаи Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.
http://news.tj/tj/news/darguzashti-rovii-marufi-televizionu-radio-bur-ra-mon